САВОЛИ 15
Чӣ тавр хушбахт шудан мумкин аст?
«Як табақ сабзавот, дар ҷое ки муҳаббат бошад, беҳ аз гови фарбеҳ, дар ҷое ки нафрат бошад»
«Ман — Яҳува, Худои ту ҳастам, ки туро таълим медиҳам, то ба худат фоида бирасонӣ, туро бо роҳе мебарам, ки бояд бо он биравӣ»
(Ишаъё 48:17).
«Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд, чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост»
(Матто 5:3).
«Ёри худро мисли худ дӯст дор»
(Матто 22:39).
«Чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо низ бо онҳо ҳамон тавр кунед»
(Луқо 6:31).
«Хушбахт касест, ки каломи Худоро мешунавад ва риоя мекунад»
(Луқо 11:28).
«Одам чизу чораи бисёр дошта бошад ҳам, ин ба ӯ ҳаёт намебахшад»
(Луқо 12:15).
«Пас, хӯроку пӯшок ки дошта бошем, биёед бо ин чизҳо қаноат кунем»
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад»