Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо бар бадбинӣ ғолиб омада метавонед

Шумо бар бадбинӣ ғолиб омада метавонед

Шумо бар бадбинӣ ғолиб омада метавонед

ШУМО ба нокомиҳои худ чӣ тавр муносибат мекунед? Бисёр мутахассисон мегӯянд, ки аз ҷавоби шахс маълум мешавад, ки ӯ некбин аст ё бадбин. Дар ҳаёт ҳама бо пастиву баландиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, лекин мушкилиҳои баъзеҳо нисбатан вазнинтаранд. Пас, чаро баъзе одамон душвориҳоро паси сар карда, кӯшиш мекунанд, ки муваффақ шаванду дигарон бошанд, ҳатто бо душвориҳои ночиз рӯ ба рӯ шуда ноумед мешаванд?

Тасаввур кунед, ки кор мекобед. Шумо ба мусоҳиба меравед, вале ба кор қабул намешавед. Баъди ин худро чӣ хел ҳис мекунед? Шояд ин воқеаро ба дил наздик гиред ва фикр кунед, ки ин проблема ҳалнашаванда аст. Шумо ба худ мегӯед: «Ман барин одамро ягон кас ба кор намегирад. Ман ҳеҷ гоҳ кор намеёбам». Бадтар аз ин, эҳтимол аз пушти ҳамин як воқеа ҳаёт дар назаратон тираву тор менамояд. Сипас ба худ мегӯед: «Ман як ноӯҳдабароям. Ба ҳеҷ кас даркор нестам». Дар ҳар ду маврид чунин фикрронӣ бадбин будани касро нишон медиҳад.

Бо бадбинӣ мубориза баред

Чӣ тавр бо ин фикрронӣ мубориза бурдан мумкин? Қадами аввалин ва хеле муҳим ин муайян кардани фикрҳои манфӣ аст. Қадами дуюм, бо чунин фикрҳо мубориза бурдан мебошад. Фикр кунед, ки чаро дар асл шуморо ба кор нагирифтанд. Мисол, оё дар ҳақиқат сабаби ба кор қабул нашуданатон дар он буд, ки шумо ба ҳеҷ кас маъқул нестед? Ё шояд он корхона ба дигар мутахассис ниёз дошт?

Агар истода фикр кунед, пай мебаред, ки тарзи фикррониатон манфӣ аст ва дар асл аз пашша фил сохтаед. Оё аз пушти як бор ба кор қабул нашудан худро ноӯҳдабаро ҳисобидан, дуруст аст? Ба ҷои ин дар бораи комёбиҳои худ, масалан, дар бораи мақсадҳои рӯҳонӣ, оила ва дӯстони наздикатон фикр кунед. Фикрҳои манфиро аз саратон дур созед ва пешакӣ хулоса накунед, ки шуморо ягон чизи хуб интизор нест. Охир шумо аз куҷо медонед, ки ҳеҷ гоҳ кор намеёбед? Барои бо фикрҳои манфӣ мубориза бурдан боз дигар роҳҳо вуҷуд доранд.

Фикрронии мусбат ва мақсаднок

Солҳои охир тадқиқотчиён калимаи умедро ба таври ҷолиб, вале ҳамзамон нопурра маънидод карданд. Ба ақидаи онҳо умед доштан маънои онро дорад, ки шахс барои ба мақсадҳояш расидан шубҳае намекунад. Ҳарчанд ин ақидаи онҳо дар баъзе мавридҳо ҷон дорад, вале аз мақолаи навбатӣ мефаҳмед, ки маънои калимаи умед васеътар аст. Ба ин маънои калимаи умед диққат карда, фикррониамон бештар мусбат ва мақсаднок мегардад.

Барои фаҳмидани он ки мо ба мақсад мерасем ё не, дар аввал мақсад мондан даркор аст, сипас кӯшиш карда ба он расидан лозим. Агар шумо ягон мақсад надошта бошед, хуб мебуд, ки дар ин бора ҷиддӣ фикр кунед. Фаҳмед, ки дар ҳаёт ягон мақсад доред ё не. Баъзан инсон ба ташвишҳои зиндагӣ ғӯтида, фаромӯш мекунад, ки дар асл аз ҳаёт чӣ мехоҳад ва чӣ барояш аз ҳама муҳим аст. Дар ин хусус чандин сол пеш дар Китоби Муқаддас фикри ҷолибе навишта шуда буд: «Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд» (Филиппиён 1:10).

Агар донем, ки бароямон чӣ муҳимтар аст, мо дар ҳар ҷониби ҳаёт, аз ҷумла дар хизмати Худо, оила ва ҳаёти ҳаррӯза мақсад монда метавонем. Дар аввал беҳтараш мақсади бисёр намонем. Ба ҷойи ин мақсадҳое монем, ки ба иҷро шуданашон шубҳа надорем. Зеро, агар мақсаде монем, ки амалӣ гаштанаш душвор аст, рӯҳафтода мешавем. Бинобар ин хуб мебуд, ки дар аввал як-ду мақсаде монем, ки дар муддати кӯтоҳ амалӣ гашта метавонанд.

Беҳуда нагуфтаанд: «Агар хоҳиш бошад роҳи кор пайдо мешавад». Бале, вақте мо мақсадҳои асосӣ мегузорем, барои амалӣ гардондани онҳо ирода, хоҳиш ва азми қавӣ лозим мешавад. Барои иродаи қавӣ пайдо кардан мо бояд дар бораи натиҷаи хуби мақсадҳоямон фикр кунем. Албатта ин кор бе душворӣ намешавад, вале мо ба душвориҳо набояд чун ба кӯҳ, балки чун ба пайроҳа нигоҳ кунем.

Инчунин дар бораи роҳҳое, ки моро ба мақсад мерасонанд, фикр кардан муҳим аст. Рик Снайдер, ки мавзӯи арзиши умедро бисёр таҳқиқ кардааст, маслиҳат медиҳад, ки барои ба мақсад расидан шахс бояд роҳҳои гуногунро ба кор барад. Дар ин сурат, агар як роҳ натиҷа наорад, дуюм, сеюм ё ҳатто роҳи чорумашро истифода бурдан мумкин аст.

Ин тадқиқотчӣ боз маслиҳат медиҳад, ки баъзан мақсадро тағйир додан лозим. Масалан, агар мо дуру дароз ба мақсадамон нарасему барои амалӣ гаштанаш талош кардан гирем, рӯҳафтода мешавем. Лекин, агар мақсади дигаре монем, ки амалӣ гаштанаш осонтар аст, умед пайдо мекунем.

Дар Китоби Муқаддас дар ин маврид як мисоли мувофиқе оварда шудааст. Шоҳ Довуд орзу дошт, ки барои Яҳува Худо маъбаде бисозад. Вале Худо ба Довуд гуфт, ки маъбадро ӯ неву писараш Сулаймон месозад. Дар ин маврид Довуд ду поро дар як мӯза наандохт, балки мақсадашро тағйир дод. Ӯ қувваташро ба ҷамъ кардани маблағу масолеҳ равона кард, ки барои сохтмони маъбад лозим мешуд (1 Подшоҳон 8:17–19; 1 Воқеанома 29:3–7).

Мо бар бадбинӣ ғолиб омада, фикрронии мусбату мақсаднокро соҳиб гашта бошем ҳам, эҳтимоли зиёд аст, ки пурра баумед нестем. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Дар ҳаёт мавридҳое мешаванд, ки ба мо вобаста нестанд ва моро ноумед мегардонанд. Як фикр кунед, дар дунёе, ки пур аз проблемаҳо, аз ҷумла камбағалӣ, ҷанг, беадолатӣ ва касаливу марг аст, чӣ тавр некбин мондан мумкин?

[Тасвир дар саҳифаи 7]

Агар шуморо як бор ба кор нагиранд, оё хулоса мекунед, ки акнун ҳеҷ гоҳ кор намеёбед?

[Тасвир дар саҳифаи 8]

Шоҳ Довуд бо омодагӣ мақсадҳояшро тағйир дод