Гузаштан ба маводи асосӣ

Якбора паст рафтани ахлоқ

Якбора паст рафтани ахлоқ

Якбора паст рафтани ахлоқ

БА ФИКРАТОН, одобу ахлоқи одамон кай паст рафт? Дар замони шумо ё шояд дар давраҳои бобою бибиятон? Ба ақидаи баъзеҳо соли 1914, бо сар задани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, хулқу одоби одамон ба таври ғайричашмдошт поён рафт. Таърихшинос, профессор Роберт Вол дар китобаш навиштааст: «Одамони даврони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бовар доштанд, ки моҳи августи соли 1914 замона ба куллӣ тағйир ёфт» (Насли солҳои 1914-ум).

Таърихшиноси дигаре бо номи Норман Кантор менависад: «Меъёрҳои ахлоқӣ, ки аллакай паст буданд, якбора ба таҳ заданд». Ӯ инчунин мегӯяд: «Сиёсатмадорону генералҳо бо миллионҳо зердастонашон чун бо ҳайвоне муносибат мекарданд, ки барои сарбурӣ мебаранд. Пас, ҷойи тааҷҷуб нест, ки дигар ҳеҷ як шариат ё меъёри ахлоқӣ одамонро бознамедорад, то бо ҳамдигар чун ҳайвонҳои ваҳшӣ муносибат накунанд. Хунрезии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ [1914-1918] қадри ҷони одамро як тин кард».

Дар кори пажуҳишии худ таърихшиноси бритониёӣ Герберт Волс қайд карда буд, ки эътирофи назарияи эволютсия «сабабгори пастравии ахлоқ гашт». Чаро? Баъзеҳо мегуфтанд, ки инсон дар зоти ҳайвонот танҳо шакли волотари ҳаёт аст. Герберт Волс, ки худаш эволютсионист буд, соли 1920 навишт: «Одам, ба ақидаи онҳо, мисли саги шикории ҳиндӣ ҳайвони ҷамъиятист,... барои ҳамин дар галаи одамон низ сагони калони дупо бояд бо зуроварӣ дигаронро ба худ тобеъ гардонанд» (Очерки таърихӣ).

Воқеан ҳам, чи хеле Норман Кантор қайд кард, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба рафтору ахлоқи одамон таъсири харобиовар расонд. Ӯ гуфта буд: «Рафтори калонсолон ҳам аз ҷиҳати сиёсат ва ҳам ахлоқу либоспӯшӣ ба назар шубҳанок менамуд». Калисоҳо бошанд, бо омехта кардани таълимоти масеҳиву эволютсия, ҳамчунин бо пуф кардани алови ҷанг, дар пастравии хулқу ахлоқ саҳми калон гузоштанд. Генерали бритониёӣ Франк Крозер навиштааст: «Калисоҳои масеҳӣ дар тайёр кардани одамони хунхор устоянд, мо ин ҳунари онҳоро фаъолона ба кор мебурдем».

Қоидаҳои одобу ахлоқ бекор карда шуданд

Баъд аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, тӯли даҳсолаи аввал, ё худ Солҳои бистуми пурҷӯшу хурӯш, арзишҳои пештара ва қоидаҳои ахлоқӣ аз байн рафтанду одамон ҳар кори равову нораворо дуруст шумурдан гирифтанд. Таърихшинос Фредерик Луис Аллен мегӯяд: «Даҳсолаи пас аз ҷангро “Даҳсолаи бадрафторӣ” номидан мумкин... Вақте қоидаҳои пештара, аз ҷумла арзишҳое, ки ҳаётро пурфайзу пурмаъно мегардонданд, аз байн рафтанд, ба ҷояшон арзишҳои нав муқаррар кардан осон набуд».

Солҳои Депрессияи бузурги 1930-ум одамонро ба коми қашшоқӣ фурӯ бурда, ҳушёр карданд. Аммо дар охири ин даҳсола ҷаҳонро ҷанги боз ҳам харобиовар, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, фаро гирифт. Дере нагузашта давлатҳо яроқҳои даҳшатноку бадвоҳимае ихтироъ карданд, ки дунёро аз буҳрон халос карданд, вале ба азобу ваҳшонияте гирифтор намуданд, ки дар ақли инсон намеғунҷид. Дар натиҷаи ин ҷанг садҳо шаҳрҳо ба хок яксон гардиданд; ду шаҳри Ҷопон бо бомбаҳои атомӣ нест карда шуд. Миллионҳо одамон дар лагерҳои марговари консентратсионӣ ҷон доданд. Ин ҷанг дар маҷмӯъ ҷони қариб 50 миллион мардону занон ва кӯдаконро рабуд.

Дар вазъияти даҳшатангези Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ба ҷойи риоя кардани меъёрҳои ахлоқии пойдору санҷида, одамон меъёрҳои худро ҷорӣ карданд. Дар китоби «Муҳаббат, алоқаи ҷинсӣ ва ҷанг — тағйири арзишҳо, 1939-1945» гуфта мешавад: «Ба назар чунин менамуд, ки давоми ҷанг одамон хоҳишҳои шаҳвонияшонро идора намекарданд. Озодие, ки дар майдони набард ҳукмфармо буд, ба хонаҳои одамон омад. Ҳисси бесабриву нооромии давраи ҷанг ҳудудҳои ахлоқиро кӯр кард. Ниҳоят, қадри ҳаёт чун дар минтақаи ҷанг, дар хона ҳам паст шуд.

Хатари марги думболагир асаби одамонро хароб карда буд, одамон ташнаи бо касе, ҳатто муваққатан, мулоқот намудан буданд. Як зани хонашини бритониёӣ рафтори норавои одамонро сафед намуда, гуфт: «Мо бадахлоқ набудем, охир, он вақт ҷанг дар авҷ буд». Як сарбози амрикоӣ иқрор мешавад: «Аксар одамон дар тарозуи одобу ахлоқ рафторамонро баркашида, моро бадахлоқ меҳисобиданд, лекин мо он вақт ҷавон будем ва ҳар лаҳза мурда метавонистем».

Он ҷанги пурхун дар рӯҳу равони одамон осори захм монда буд. То ба имрӯз баъзеҳо, аз ҷумла касоне, ки он вақт ҳоло кӯдак буданд, аз хотираҳои бад азоб мекашанд; метарсанд, ки он абри сиёҳ боз бар сарашон қарор мегирад. Одамони зиёд имони худро гум карданд, қутбнамои одобу ахлоқашон бошад, шикаст. Чун ҳурмату иззати ҳокимиятдороне, ки меъёрҳои неку бадро муқаррар карда метавонистанд, дар дилашон гум шуд, ҳама чиз ба назарашон нисбӣ менамуд.

Меъёрҳои нави ахлоқӣ

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар бораи рафтори шаҳвонии одамон як қатор пажуҳишу ҷустор нашр гардид. Яке аз онҳо «Ҳисоботи Кинзи» мебошад, ки зиёда аз 800 саҳифа дошт. Он солҳои 1940-ум дар Амрико нашр шуда буд. Дар натиҷа одамон ошкоро дар бораи мавзӯъҳои шаҳвонӣ гап задан гирифтанд, ки пеш аз ин гуна суҳбатҳо шарм медоштанд. Кинзи дар санҷишаш омори ҳамҷинсбозон ва онҳоеро овард, ки дар ҳар гуна мулоқот буданд. Вале баъдтар гуфтаҳои ӯро муболиға бароварданд. Пажуҳиши мазкур бараъло нишон дод, ки баъди ҷанг ахлоқи одамон ба таври андуҳовар паст рафт.

Бояд гуфт, ки муддате барои нигоҳ доштани қолаби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешуд. Масалан, дар радио, филмҳо ва телевизион бадахлоқӣ роҳ дода намешуд. Лекин ин ташаббус дер давом накард. Виллиям Беннет, собиқ вазири маорифи ИМА, боре гуфт: «Солҳои 1960-ум Амрико аз ҷиҳати маърифату пешравии ҷомеа ниҳоят қафо монд». Ин раванд дар як қатор давлатҳои дигар низ ба назар мерасид. Чаро солҳои шастум паст рафтани одобу ахлоқ шиддат гирифт?

Дар ин даҳсола ҳамзамон амалиёти занҳои озодихоҳ ва табаддулоти муносибатҳои маҳрамона, ба ном ахлоқи нав, рӯй дод. Ғайр аз ин, доруҳои таъсирбахш барои пешгирии ҳомиладорӣ баромаданд. Акнун зану мард «алоқаи ҷинсӣ бе ягон масъулият» гуфта, аз муносибати маҳрамона ҳаловат бурда метавонистанд.

Ҳамзамон дар расонаҳои хабарӣ, филмҳо ва телевизион аҳамияти меъёрҳои ахлоқиро паст мекарданд. Собиқ роҳбари Шӯрои амнияти ИМА Збигнев Бжезинский дар бораи арзишҳое, ки дар телевизион тарғиб мешуданд, чунин гуфт: «Онҳо рӯшоду бепарда қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисмро тарғиб мекунанд, мегӯянд, ки зӯровариву бадҷаҳлӣ ягон ҷойи бадӣ надоранд. Бепарвоёна бадахлоқӣ карданро бошад, қобили қабул меҳисобанд».

Аллакай солҳои 1970-ум видеомагнитафонҳо паҳн шуданд. Акнун мардум дар хонаҳои худ, дар танҳоӣ, чизҳои бадахлоқонаеро нигоҳ мекарданд, ки дар кинотеатрҳои оммавӣ тамошои онро ба худ ҳеҷ гоҳ раво намедонистанд. Имрӯзҳо бошад, дар асри интернет, ҳар навъ порнографияи нафратовар дар сар то сари ҷаҳон ба ҳар фарди компютердор дастрас гаштааст.

Оқибати ин рӯйдодҳо даҳшатнок аст. Назоратчии маҳбасе дар ИМА ба наздикӣ чунин гуфт: «Даҳ сол пеш, вақте кӯдакон зиндонӣ мешуданд, ман бо онҳо дар бораи чӣ будани неку бад суҳбат карда метавонистам. Аммо барои кӯдаконе, ки имрӯз ҳабс мешаванд, одобу ахлоқ як чизи умуман бегона метобад».

Роҳнамоиро аз куҷо гирем?

Дар ин кор калисоҳо ба мо кумак карда наметавонанд. Чаро? Зеро ба ҷойи он ки мувофиқи гуфтаҳои Исо ва пайравони ӯ амал кунанд, калисоҳо ба ин ҷаҳон ва корҳои бади он ҳамшакл гаштанд. Як нависанда пурсида буд: «Дар кадом ҷанг тарафҳои муқобил нагуфтаанд, ки Худо бо онҳост?» Дар бораи риоя намудани меъёрҳои Худо чанд сол пеш як рӯҳонӣ аз Ню-Йорк гуфт: «Калисо ягона ташкилоти ҷаҳониест, ки узви он гаштан ду карат ду аст, ҳатто барои ба автобус даромадан талаботи бештар ҷорӣ шудааст».

Бешакк, бошиддат паст рафтани меъёрҳои ахлоқии ин ҷаҳон гувоҳи фавран ягон чора андешидан аст. Чӣ гуна чора? Чӣ бояд тағйир дода шавад? Ин кор аз дасти кӣ меояд ва чӣ тавр ӯ инро мекунад?

[Тасвир дар саҳифаи 5]

«Хунрезии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ [1914-1918] қадри ҷони одамро як тин кард»

[Тасвир дар саҳифаи 6]

АХЛОҚИ НЕКУ Ё АРЗИШҲО?

Пеш ҳама нағз мефаҳмиданд, ки ахлоқи неку чиро дар бар мегирад: ростқавлӣ, вафодорӣ, покдоманӣ ва некномиро. Имрӯз бошад, одамон ба ҷойи «ахлоқ» бештар «арзишҳо»-ро болобардор месозанд. Ин раванд, мувофиқи мушоҳидаи таърихшинос Гертруд Ҳиммелфарб, мушкилиеро ба миён меорад. Дар китобаш бо номи «Бадахлоқшавии ҷомеа» ӯ қайд мекунад: «Ҳар як фард гуфта метавонад, ки ҳақ дорад арзишҳои худро муқаррар кунад, валекин ҳеҷ кас аз пеши худ ахлоқи барояш писандро ҷорӣ карда наметавонад».

Гертруд мегӯяд, ки арзишҳо «эътиқод, нуқтаи назар, рӯҳия, эҳсосот, одатҳо, қоидаҳои рафтори гурӯҳи махсуси одамон, хоҳишҳо, ақидаҳои нодуруст ва ҳатто хусусиятҳои хоси фард буда метавонанд; яъне ҳар он чизе, ки барои шахс, гурӯҳ ё ҷомеа бо ҳар сабаб, дар ҳар давру замон, арзиш дорад». Дар ҷомеаи муосири озодихоҳ ақидаест, ки, чи хеле шахс дар мағоза хӯрду хӯроки дилхоҳашро интихоб мекунад, ба ин монанд, ҳар фард ҳақ дорад барои худ арзишҳоро интихоб намояд, ин аз рӯйи адолат аст. Лекин дар ин ҳол бо ахлоқу некукорӣ чӣ мешавад?

[Тасвир дар саҳифаҳои 6, 7]

Вақтхушии нораво бештару бештар ба ҳама дастрас мегардад