Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маълумоти аниқ пайдо кунед

Маълумоти аниқ пайдо кунед

Душворӣ

Бадгумонӣ бисёр вақт дар натиҷаи надонистани маълумоти аниқ ё шунидани овозаҳои дурӯғ пайдо мешавад. Якчанд мисол меорем:

  • Сардорони баъзе корхонаҳо гумон мекунанд, ки занҳо аз ӯҳдаи иҷрои корҳои илмӣ ва техникӣ намебароянд.

  • Дар асрҳои миёна сокинони Аврупо яҳудиёнро ба он айбдор мекарданд, ки онҳо чоҳҳои обдорро заҳролуд мекунанд ва сабабгори паҳншавии касалиҳо мебошанд. Дар замони ҳукмронии фашистон бошад, яҳудиёнро дар пастравии иқтисодиёти Германия айбдор медонистанд. Дар ҳарду маврид ҳам яҳудиён аз муносибати бадбинона сахт зарар диданд. Баъзеҳо то ба имрӯз дар бораи яҳудиён бадгумонӣ доранд.

  • Бисёриҳо ақидаи нодуруст доранд, ки ҳамаи маъюбон камгап ё бадқаҳранд.

Одамоне, ки чунин ақида доранд, аз ҳаёт гӯё мисолҳо ва далелҳо меоранд, то дуруст будани фикрашонро исбот кунанд. Ва касеро, ки бо онҳо розӣ намешавад, нодон меҳисобанд.

Китоби Муқаддас мегӯяд:

«Дили оқил орзуманди дониш [донистан] аст» (МАСАЛҲО 15:14).

Ин чӣ маъно дорад? Агар кас маълумоти аниқро надонад, қарори нодуруст мебарорад. Агар мо ба овозаҳо бовар кунему асли гапро надонем, оиди одамон ақидаи хато пайдо мекунем.

Чаро маълумоти аниқро донистан хуб аст?

Ин ба мо ёрдам медиҳад, ки ба овозаҳои дурӯғ зуд бовар накунем, ҳатто агар онҳо васеъ паҳн шуда бошанд ҳам. Агар мо як бор фаҳмем, ки оиди ин ё он гурӯҳи одамон хато фикр кардаем, ин дафъа ба овозаҳо даррав бовар намекунем.

Чӣ кор кардан мумкин аст?

  • Вақте аксарият мегӯянд, ки ягон миллат ё халқият хислатҳои бад доранд, дар бораи ҳамаи онҳо чунин фикр накунед. Дар ёд доред, ки бисёри онҳо он хислати бадро надоранд.

  • Мумкин маълумоте, ки шумо дар бораи он гурӯҳи одамон доред, нопурра аст. Барои ҳамин саросемавор оиди онҳо хулосаи нодуруст набароред.

  • Кӯшиш кунед, аз сарчашмаҳои боваринок маълумоти аниқ ба даст оред.