Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 1

Аз офариниш то Тӯфони Ҷаҳонӣ

Аз офариниш то Тӯфони Ҷаҳонӣ

Замину осмон аз куҷо пайдо шуданд? Офтоб, моҳ, ситораҳо ва бисёр чизҳои дигари рӯи замин чӣ гуна ба вуҷуд омаданд? Китоби Муқаддас ҷавоби дуруст медиҳад: онҳоро Худо офаридааст. Аз ин рӯ, ин китоб бо ҳикояҳо дар бораи офариниш оғоз меёбад.

Аввалин офаридаҳои Худо шахсоне буданд, ки вуҷудияташон рӯҳист (ба мисли худи Худо) ва онҳо фариштаҳо номида мешаванд. Вале замин барои мо — одамон офарида шуд. Бинобар ин, Худо мард ва зан офарид, онҳоро Одам ва Ҳавво номид ва дар боғи зебое ҷойгир кард. Аммо онҳо ба Худо итоат накарданд ва ҳуқуқи зиндагӣ карданро аз даст доданд.

Аз офариниши Одам то Тӯфони Ҷаҳонӣ, ҳамагӣ 1 656 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат шахсони бади зиёде зиндагӣ карданд: дар осмон — шахсони рӯҳии ноаён — Шайтон ва фариштагони ӯ, дар замин бошад, Қобил ва бисёр инсонҳои бади дигар, ки дар байнашон одамони ғайриоддии қавипайкар буданд. Аммо дар рӯи замин одамони хуб ҳам буданд; масалан Ҳобил, Ҳанӯх ва Нӯҳ. Аз қисми якум мо дар бораи ин одамон ва ҳодисаҳои ба онҳо вобаста хоҳем фаҳмид.