Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 1

Худо ба офариниш оғоз мекунад

Худо ба офариниш оғоз мекунад

ҲАМАИ чизҳои хубе, ки дорем, аз Худо аст. Ӯ офтобро офарид, то ки рӯзро барои мо равшан кунад, моҳ ва ситорагонро сохт, ки шабона нур диҳанд. Барои зиндагии мо Худо кураи заминро офарид.

Лекин офтоб, моҳ ва ситорагон аввалин офаридаҳои Худо набуданд. Ту медонӣ, ки Худо аввал чиро офарид? Дар аввал Худо шахсони ба худи Ӯ монандро офарид. Мо онҳоро дида наметавонем, ҳамон тавре ки дидани Худо бароямон имконнопазир аст. Дар Китоби Муқаддас ин шахсон фариштаҳо номида мешаванд. Худо ба фариштаҳо ҳаёти осмонӣ ато кард.

Аввалин фариштае, ки Худо офарид, фариштаи хосе буд. Ӯ якумин Писари рӯҳонии Худо буд ва бо падараш ҳамкорӣ мекард. Ин фаришта ба Худо дар сохтани чизҳои дигар, аз қабили офтоб, моҳ, ситораҳо ва мавҷудоти дигари рӯи замин кӯмак менамуд.

Намуди кураи замин дар он вақт чӣ гуна буд? Дар ибтидо зиндагӣ кардан дар рӯи он номумкин буд, чунки ғайр аз уқёнуси калон дар рӯи замин дигар ҳеҷ чиз набуд. Вале Худо мехост, ки дар рӯи замин одамон зиндагӣ кунанд. Бинобар ин, Ӯ барои зиндагии мо тайёр кардани заминро оғоз намуд. Чӣ тавр?

Пеш аз ҳама равшанӣ лозим буд. Барои ҳамин, Худо нури офтобро ба сӯи замин тобонид. Ӯ чунон кард, ки ҳам шаб вуҷуд дошта бошад, ҳам рӯз. Баъд аз ин, Худо сатҳи заминро аз об бардошт, то ҳадде ки хушкӣ пайдо шуд.

Дар аввал дар рӯи замин ҳеҷ чиз вуҷуд надошт. Ҳолати замин ҳамон гуна буд, ки дар расм мебинӣ. На гулҳо буданд, на дарахтон ва на ҳайвонот. Дар уқёнус ягон моҳӣ набуд. Ва барои он ки замин воқеан барои зиндагии хуби одамон ва ҳайвонот муҳайё гардад, Худо бояд корҳои зиёди дигареро анҷом медод.