Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 4

Чаро онҳо аз хонаи худ маҳрум шуданд?

Чаро онҳо аз хонаи худ маҳрум шуданд?

БУБИН, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Одам ва Ҳавво аз боғи Адан ронда мешаванд. Медонӣ барои чӣ?

Барои он ки онҳо кори хеле баде карданд. Ва Яҳува онҳоро ҷазо медиҳад. Ту медонӣ, ки Одаму Ҳавво чӣ гуноҳ карданд?

Онҳо коре карданд, ки Худо “накунед” гуфта буд. Худо ба онҳо иҷозат дода буд, ки аз ҳама дарахтони боғ мева хӯранд. Аммо аз як дарахт, Худо фармуда буд, ки мева нахӯранд, набошад хоҳанд мурд. Ӯ ин дарахтро барои худ нигаҳ дошта буд. Ва мо медонем, ки гирифтани чизе, ки ба дигарон тааллуқ дорад, мумкин нест, ҳамин тавр–не? Пас, чӣ ҳодиса рӯй дод?

Боре, ҳангоми дар боғ танҳо мондани Ҳавво, море бо ӯ сӯҳбат мекунад. Аҷабо! Мор ба Ҳавво маслиҳат медиҳад, ки меваи дарахти Худо манъкардаро бихӯрад. Албатта, вақте ки Яҳува морҳоро офарид, ӯ ба онҳо қобилияти сухан гуфтанро надода буд. Бинобар ин, ба ҷои мор шахси дигаре сухан мегуфт. Ӯ кӣ буд?

Ӯ Одам набуд. Пас, шояд яке аз шахсоне буд, ки Яҳува хеле пештар аз сохтани кураи замин офарида буд. Ин шахсон — фаришта ном доранд, мо онҳоро дида наметавонем. Яке аз ин фариштаҳо хеле мағрур шуд. Ӯ ба фикри он афтод, ки бояд монанди Худо ҳоким бошад. Ва хост, ки одамон ба ҷои Яҳува ба вай итоат кунанд. Ва ба ҷои мор ана ҳамин фаришта сухан мегуфт.

Ин фаришта тавонист, ки Ҳавворо фиреб диҳад. Вақте ки ӯ ба Ҳавво гуфт, ки агар меваро бихӯрад, монанди Худо хоҳад шуд, Ҳавво бовар кард. Баъд меваро хӯрд ва Одам низ чунин кард. Одаму Ҳавво аз Худо сарпечӣ карданд ва бо ин сабаб аз хонаи зебои биҳиштии худ маҳрум шуданд.

Аммо Худо рӯзе тамоми рӯи заминро мисли боғи Адан зебо мекунад. Баъдтар хоҳем дид, ки чӣ гуна ту ҳам дар ин кор иштирок карда метавонӣ. Вале ҳоло биё бубинем, ки бо Одаму Ҳавво чӣ мешавад.