Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 6

Писари хуб ва писари бад

Писари хуб ва писари бад

БА ҚОБИЛУ ҲОБИЛ НИГАР. Ҳар дуи онҳо калон шудаанд. Қобил кишоварз шудааст. Ӯ ба кишту кори ғалла, мева ва сабзавот машғул аст.

Ҳобил чӯпони гӯсфандон шуд. Ӯ ба баррачаҳо ғамхорӣ карданро дӯст медорад. Онҳо гӯсфандони калон мешаванд ва Ҳобил ба зудӣ соҳиби галаи гӯсфандон мегардад ва онҳоро бонӣ мекунад.

Рӯзе Қобилу Ҳобил барои Худо ҳадя меоранд. Қобил аз ҳосиле овард, ки худ кошта буд. Ҳобил бошад, беҳтарин гӯсфандони худро овард. Яҳува аз Ҳобил ва ҳадяи вай розӣ аст. Аммо Қобил ва ҳадяи ӯро хуш накард. Медонӣ барои чӣ?

Сабаб танҳо дар он нест, ки ҳадяи Ҳобил аз ҳадяи Қобил беҳтар буд. Ҳобил худ инсони хуб буд. Ӯ Яҳува ва бародари худро дӯст медошт. Аммо Қобил одами бад буд; ӯ бародари худро дӯст намедошт.

Худо ба Қобил гуфт, ки ӯ бояд ислоҳ шавад. Вале Қобил гӯш накард. Ӯ хеле хашмгин аст, чунки Худо Ҳобилро бештар дӯст медорад. Боре Қобил ба Ҳобил гуфт: «Биё ба cаҳро равем». Ва ҳангоме ки онҳо танҳо монданд, Қобил бародари худ — Ҳобилро зад; чунон сахт зад, ки Ҳобил мурд. Магар ин кори Қобил даҳшатангез нест?

Гарчанде ки Ҳобил мурдааст, Худо ӯро дар ёд дорад. Ҳобил одами хуб буд, Яҳува чунин одамонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Рӯзе хоҳад расид, ки Яҳува Ҳобилро ба зиндагӣ бармегардонад. Дар он замон марг ба Ҳобил дигар таҳдид нахоҳад кард. Ӯ имконияти ҷовидона дар рӯи замин зиндагӣ карданро хоҳад дошт. Ту мехоҳӣ, ки бо шахсони ба Ҳобил монанд ошно гардӣ?

Аммо Худо аз касони ба Қобил монандбуда розӣ нест. Баъд аз он ки Қобил бародарашро кушт, Худо ӯро ҷазо дод; ба ҷои аз аҳли оилааш дуре фиристод. Ва вақте ки Қобил ба қисми дигари замин раҳсипор гашт, ӯ бо худ яке аз хоҳаронашро гирифт ва вай зани Қобил шуд.

Пас аз муддате Қобилу занаш фарзанддор шуданд. Писарону духтарони дигари Одаму Ҳавво низ издивоҷ карданд ва онҳо ҳам соҳиби фарзандон гаштанд. Бо мурури замон одамони зиёде дар рӯи замин пайдо шуданд. Биё бо баъзе аз онҳо шинос шавем.