Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 8

Бузургҷуссаҳо дар рӯи замин

Бузургҷуссаҳо дар рӯи замин

АГАР ба тарафи ту касе равона мешуд, ки қадаш то cақфи хона баланд аст, ту чӣ фикр мекардӣ? Бале, бузургҷуссаи ҳақиқӣ! Замоне дар ҳақиқат дар рӯи замин бузургҷуссаҳо зиндагӣ мекарданд. Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки падарони онҳо фариштагони осмонӣ буданд. Аммо чӣ гуна ин тавр шуданаш мумкин аст?

Дар ёд дорӣ, фариштаи шарир — Шайтон одамонро ба корҳои бад бармеангезад. Ӯ ҳатто баъзе фариштагони Худоро ба роҳи бад бурд; бо гузашти вақт онҳо ба Шайтон гӯш медодагӣ шуданд. Ин фариштаҳо иҷроиши кореро, ки Худо ба онҳо супорида буд, тарк карда, ба замин фаромаданд ва ба худ баданҳои одамӣ гирифтанд. Медонӣ барои чӣ?

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин фариштаҳо дар рӯи замин занҳои зеборо диданд ва хостанд, ки бо онҳо зиндагӣ кунанд. Ҳамин тавр онҳо ба замин фаромаданд ва бо ин занҳо издивоҷ карданд. Китоби Муқаддас ин корро маҳкум мекунад, чунки Худо фариштагонро барои зиндагӣ дар осмон офаридааст.

Вақте ки занҳои ин фариштаҳо фарзанд таваллуд карданд, бачаҳои онҳо аз бачаҳои дигар фарқ мекарданд. Шояд дар аввал ин фарқ на он қадар маълум буд. Вале рӯз ба рӯз онҳо торафт бузургтару қавитар мешуданд, то оне ки ба бузургҷуссагон табдил ёфтанд.

Ин бузургҷуссагон хеле бадкирдор буданд. Ва онҳо, ки хеле калон ва пурқувват буданд, мардумро азоб медоданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳамаро маҷбур кунанд, то мисли онҳо бадкор шаванд.

Ҳанӯх мурда буд, вале дар рӯи замин як марди хуби дигаре зиндагӣ мекард. Номи ин мард Нӯҳ аст. Ӯ ҳамеша фармудаҳои Худоро иҷро мекард.

Рӯзе Худо ба Нӯҳ гуфт, ки вақти он расидааст, ки Ӯ бояд одамони бадро нобуд кунад. Лекин Худо мехост, ки Нӯҳ, аҳли хонаводаи ӯ ва бисёре аз ҳайвонотро наҷот диҳад. Биё бубинем, ки чӣ тавр Худо ин нияташро анҷом медиҳад.