Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 10

Тӯфони азим

Тӯфони азим

БЕРУН аз киштӣ, мардум мисли пештара ба зиндагии худ идома медоданд. Онҳо ҳанӯз ҳам бовар намекарданд, ки Тӯфон хоҳад омад. Шояд беш аз пештара механдиданд. Аммо онҳо хеле зуд аз хандидан бозистоданд.

Ногаҳон борони сахт борид. Оби борон чун аз сатил мерехт. Нӯҳ ҳақ буд! Аммо барои ба киштӣ даромадан хеле дер шуда буд... Дари онро Яҳува сахт маҳкам кард.

Ба зудӣ тамоми рӯи заминро об зер кард. Об мисли дарёҳои калон ҷорӣ мешуд. Он дарахтонро меғалтонд, сангҳои бузургро мебурд ва ғулдурросзанон пеш мерафт. Одамон ба даҳшат афтоданд! Онҳо ба ҷойҳои баланд мебаромаданд. Чӣ қадар пушаймон буданд аз он ки ба Нӯҳ гӯш надоданд ва ба даруни киштӣ то вақте ки дараш кушода буд, надаромаданд! Вале аллакай хеле дер шуда буд.

Сатҳи об болотару болотар мешуд. Он аз осмон 40 рӯзу 40 шаб борид. Об аз домани кӯҳҳо баландтар мешуд ва баъди чанде ҳатто кӯҳҳои баландтарин ҳам зери об монданд. Гуфтаҳои Худо иҷро шуданд: ҳама одамон ва ҳайвоноте, ки берун аз киштӣ буданд, мурданд. Вале ҳар касе ки дар киштӣ паноҳ бурда буд, осеб надид.

Нӯҳ ва писарони ӯ киштиро хеле хуб сохтанд. Сатҳи об киштиро боло бардошт ва он дар рӯи об шино мекард. Рӯзе борон аз боридан бозистод ва офтоб баромад. Чӣ манзараи аҷибе! Уқёнуси бузурге дар ҳама ҷо доман паҳн карда буд. Ягона чизе ки ба назар мерасид, киштие дар рӯи об буд.

Бузургҷуссаҳо дигар вуҷуд надоштанд. Онҳо дигар ба одамон зарар нахоҳанд расонд. Ҳамаи онҳо бо модарони худ ва бақияи одамони бад мурданд. Лекин бо падарони онҳо чӣ шуд?

Падарони бузургҷуссаҳо монанди мо одам набуданд. Онҳо фариштагоне буданд, ки аз осмон фуруд омаданд, то мисли одамон дар рӯи замин зиндагӣ кунанд. Бо ин сабаб, вақте ки Тӯфон омад, онҳо мисли одамони дигар намурданд, балки ҷисмҳои одамии худро тарк карда, ҳамчун фариштагон ба осмон баргаштанд. Аммо онҳо дигар наметавонистанд аъзои оилаи фариштагони Худо бошанд. Дар натиҷа, онҳо фариштагони Шайтон шуданд. Китоби Муқаддас онҳоро дев меномад.

...Баъдтар Худо бод вазонд ва обҳои тӯфон оҳиста–оҳиста поён фаромаданд. Баъд аз панҷ моҳ, киштӣ ба қуллаи кӯҳе нишаст. Рӯзҳои зиёди дигаре сипарӣ гаштанд ва киштибудагон метавонистанд ба берун нигоҳ кунанд ва қуллаҳои кӯҳҳоро бубинанд. Об торафт поён мефаромад.

Сипас, Нӯҳ зоғро аз киштӣ ба берун сар дод. Он муддате парвоз карду баргашт, чунки ҷои мувофиқе барои фуруд наёфт. Ва ҳамин тавр чанд маротиба такрор шуд ва ҳар дафъа он бармегашту ба рӯи киштӣ менишаст.

Нӯҳ хост бифаҳмад, ки об аз рӯи замин фаромад ё не, бинобар ин аз киштӣ кабӯтарро сар дод. Вале кабӯтар низ баргашт, зеро ҷое барои нишаст пайдо накард. Нӯҳ бори дигар онро ба берун фиристод ва кабӯтар бо барги дарахти зайтун дар минқор баргашт. Ҳамин тавр Нӯҳ огоҳ шуд, ки обҳо фаромаданд. Нӯҳ кабӯтарро бори сеюм ба берун фиристод ва билохир он ҷои хушкеро барои зиндагӣ пайдо намуд.

Дар ин вақт Худо ба Нӯҳ муроҷиат кард: «Аз киштӣ баро ва аҳли оилаи худ ва ҳамаи ҳайвонотро барор». Беш аз як сол онҳо дар киштӣ буданд. Тасаввур бикун, шояд чӣ қадар онҳо хурсанд буданд аз он ки берун баромаданд ва аз он ки зинда монданд!