Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 2

Аз Тӯфон то раҳоӣ аз Миср

Аз Тӯфон то раҳоӣ аз Миср

Баъд аз Тӯфон танҳо ҳашт нафар зинда мемонанд, вале бо мурури замон шумораи одамон ба ҳазорҳо нафар мерасад. Баъдтар, 352 сол пас аз Тӯфон, Иброҳим–пайғамбар ба дунё меояд. Мо хоҳем фаҳмид, ки чӣ тавр Худо ба ваъдаи худ вафо карда, ба Иброҳим писаре бо номи Исҳоқ медиҳад. Сипас, аз ду писари Исҳоқ, Худо Яъқубро интихоб мекунад.

Яъқуб соҳиби оилаи калон мешавад; ӯ 12 писар ва якчанд духтарон дошт. 10 писари Яъқуб ба бародари хурдии худ — Юсуф нафрат мекунанд ва ӯро ба ғуломӣ мефурӯшанд. Баъдтар, Юсуф яке аз ҳокимони бонуфузи Миср мегардад. Вақте ки қаҳтии сахте фаро мерасад, ӯ бародарони худро месанҷад, ки ботинан тағир ёфтаанд ё не. Саранҷом, тамоми аҳли хонаводаи Яъқуб, ки онҳоро ҳамчунин исроилиён меномиданд, ба Миср кӯч баст. Ин воқеа 290 сол баъд аз ба дунё омадани Иброҳим рӯй дод.

Муддати 215 соли минбаъда исроилиён дар Миср зиндагӣ мекарданд. Баъд аз марги Юсуф, онҳо дар Миср ғулом гаштанд. Дар он давра Мусо–пайғамбар таваллуд шуд ва ба воситаи ӯ Худо исроилиёнро аз Миср озод кард. Қисми дуюм ҳамагӣ 857 соли таърихро дар бар мегирад.

 

ДАР ИН ҚИСМ

ҲИКОЯИ 32

10 бало