Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 11

Аввалин рангинкамон

Аввалин рангинкамон

БАЪД аз он ки Нӯҳ бо аҳли оилааш аз киштӣ баромад, медонӣ пеш аз ҳама чӣ кор кард? Ӯ ба Худо қурбонӣ — ҳадя овард. Инро метавонӣ дар расми зерин бубинӣ. Нӯҳ ин ҳадя аз ҳайвонотро барои шукргузории Худо пешкаш кард, ки Ӯ аҳли хонаводаашро аз тӯфони азим наҷот дод.

Ту чӣ фикр дорӣ, оё ҳадяи Нӯҳ ба Яҳува писанд омад? Бале, албатта. Бинобар ин, Ӯ ба Нӯҳ қавл дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ ҷаҳонро бо тӯфон нобуд нахоҳад кард.

Баъдтар, рӯи замин хушк шуд ва Нӯҳ бо оилааш аз нав зиндагии берун аз киштиро оғоз намуд. Худо онҳоро баракат дод ва гуфт: «Шумо бояд дорои фарзандони зиёде шавед, он қадаре ки саросари замин пур аз одамон шавад».

Аммо баъдтар, одамон дар бораи Тӯфони азим шунида, метавонистанд ба тарс оянд, ки чунин тӯфон бори дигар рӯй хоҳад дод. Аз ин рӯ, Худо ба одамон барои хотиррасон кардани ваъдааш дар бобати дигар ҳеҷ гоҳ бо тӯфон нобуд накардани замин, ёдоварие дод. Ту медонӣ, ки Худо чиро ҳамчун ёдоварӣ дод? — Рангинкамонро.

Одатан, агар баъд аз борон офтоб барояд, дар осмон рангинкамон пайдо мешавад. Рангинкамон рангҳои зебои гуногун дорад. Худи ту онро ягон бор дидаӣ? Бубин, он дар расм тасвир шудааст.

Ин аст ваъдаи Худо: «Ман ваъда медиҳам, ки дигар ҳеҷ гоҳ одамон ва ҳайвонҳоро бо тӯфон нобуд нахоҳам кард. Ман бар абрҳо рангинкамонро гузоштам. Ва вақте ки рангинкамон намоён шавад, Ман онро дида, қавли худро ба ёд хоҳам овард».

Акнун, агар ту рангинкамонро бубинӣ, чиро ба хотир хоҳӣ овард? Бале, ваъдаи Худоро дар бораи он, ки Ӯ дигар ҳеҷ гоҳ оламро бо тӯфони азим нобуд нахоҳад кард.