Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 12

Одамон бурҷи бузурге месозанд

Одамон бурҷи бузурге месозанд

СОЛҲОИ зиёде сипарӣ гаштанд. Нӯҳ ва писарони ӯ соҳиби фарзандони бисёр шуданд. Ва онҳо ҳам ба камол расида, фарзандони зиёде ба дунё оварданд. Дере нагузашта рӯи замин пур аз одам шуд.

Яке аз ин одамон абераи Нӯҳ — Нимрӯд буд. Вай марди золиме буд, ки ҳам ҳайвонҳо ва ҳам одамонро шикор мекард ва мекушт. Нимрӯд худашро бар сари ҳамаи одамон подшоҳ монд. Худо Нимрӯдро дӯст намедошт.

Дар он замонҳо ҳамаи одамон бо як забон ҳарф мезаданд. Нимрӯд мехост, ки ҳамаи онҳоро якҷоя нигоҳ дорад, то бар онҳо ҳукм ронда тавонад. Медонӣ, ӯ чӣ кор кард? Ӯ ба одамон фармуд, ки шаҳре бунёд кунанд ва дар он бурҷи баланде бисозанд. Дар расм бубин, ки чӣ тавр онҳо хишт мерезанд.

Яҳува Худо аз ин кори онҳо норозӣ буд. Худо мехост, ки одамон дар тамоми рӯи замин зиндагӣ кунанд. Аммо ин одамон гуфтанд: «Биёед шаҳре бино кунем ва бурҷе бисозем, ки баландиаш то осмонҳо бошад! Ва бо ин кор машҳур хоҳем шуд!». Одамон мехостанд, ки худро ҷалол диҳанд, на Худоро.

Бо ин сабаб, Худо чунон кард, ки одамон аз сохтани бурҷ бозмонданд. Медонӣ Ӯ чӣ кор кард? Ӯ чунон кард, ки ногаҳон одамон бо забонҳои гуногун сухан мегуфтагӣ шуданд. Бинокорон якдигарро дигар намефаҳмиданд. Аз ин рӯ, шаҳри онҳо “Бобил” ном гирифт, ки маънои “омехтан”-ро дорад.

Дар он вақт одамон ба кӯч бастан аз Бобил сар карданд. Гурӯҳҳои одамоне, ки бо як забон сухан мегуфтанд, барои бо ҳам зиндагӣ кардан ба маҳалҳои дигари замин равона шуданд.