Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 13

Иброҳим — дӯсти худост

Иброҳим — дӯсти худост

ЯКЕ аз ҷойҳое, ки одамон баъд аз Тӯфон кӯч бастанд, шаҳри Ур буд. Ин шаҳр яке аз шаҳрҳои боҳашамате буд бо хонаҳои зебо. Лекин сокинони ин шаҳр ба бутҳо саҷда менамуданд, мисли сокинони Бобил. Сокинони Ур ва Бобил ба Нӯҳ ва писари ӯ Сом, ки хидмат ба Яҳуваро давом медоданд, монанд набуданд.

Билохир, 350 сол баъд аз тӯфон, Нӯҳи содиқ аз олам даргузашт. Расо баъд аз ду сол шахсе ба дунё омад, ки дар расм тасвир шудааст. Худо ӯро бахусус қадр мекард. Номи Ӯ Иброҳим аст. Вай бо аҳли хонаводаи худ дар шаҳри Ур зиндагӣ мекард.

Рӯзе Яҳува ба Иброҳим мегӯяд: «Ур ва хешовандони худро тарк намо ва ба ҷое бирав, ки Ман ба ту нишон медиҳам». Оё Иброҳим ба Худо итоат намуд ва ҷои бароҳат — Урро тарк кард? Бале, ӯ айнан ҳамин тавр намуд, зеро Иброҳим ҳамеша ба Худо итоат мекард ва аз ин сабаб чун дӯсти Худо машҳур шуд.

Баъзе аз хешовандони Иброҳим ҳамроҳи вай Урро тарк карданд. Падари Иброҳим — Тораҳ ва ҳамчунин бародарзодааш Лут ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Ва албатта Соро — зани Иброҳим ҳам бо ӯ рафт. Баъд аз чанде, онҳо ба ҷое расиданд, ки Ҳоррон ном дошт ва дар он ҷо Тораҳ фавтид. Онҳо аз Ур хеле дур шуданд.

Пас аз муддате, Иброҳим ва аҳли хонадони ӯ Ҳорронро тарк карданд ва ба сарзамине омаданд, ки Канъон ном дошт. Дар он ҷо Яҳува гуфт: «Ин аст сарзамине, ки Ман ба фарзандонат хоҳам дод». Иброҳим дар Канъон монд ва дар хайма зиндагӣ мекард.

Худо ба Иброҳим кӯмак кард, ки ӯ соҳиби галаҳои бузурги гӯсфандону молҳои дигар ва садҳо хидматгорон шавад. Аммо ӯ ва Соро фарзандони худашонро надоштанд.

Дар 99–солагии Иброҳим Яҳува гуфт: «Қавл медиҳам, ки ту падари миллатҳои зиёд хоҳӣ шуд». Вале ин чӣ гуна бояд рӯй медод, дар ҳолате ки Иброҳим ва Соро барои фарзанддор гаштан аллакай хеле пир буданд?