Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 15

Зани Лут ба ақиб нигарист

Зани Лут ба ақиб нигарист

ЛУТ ва аҳли оилааш ҳамроҳи Иброҳим дар сарзамини Канъон зиндагӣ мекарданд. Рӯзе Иброҳим ба Лут гуфт: «Ин замин барои ҳамаи ҳайвоноти мо кофӣ нест. Хоҳишмандам, ки аз ҳам ҷудо зиндагӣ кунем. Агар ту ба як тараф равӣ, ман ба тарафи дигар хоҳам рафт».

Лут заминро аз назар гузаронид ва ҷои зебоеро дид, ки обшор ва пур аз алафи хубе барои моли ӯ аст. Ин водии Ӯрдун буд. Ва Лут аҳли хонавода ва ҳайвоноташро ба он ҷо кӯчонд. Саранҷом онҳо дар шаҳри Садӯм сокин гаштанд.

Сокинони Садӯм одамони хеле бад буданд. Лут аз ин андӯҳгин мешуд, зеро ӯ инсони нек буд. Худо низ аз аҳволи Садӯм норозӣ буд. Билохир, Худо ду фариштаро фиристод, то Лутро огоҳ намоянд, ки Ӯ шаҳрҳои Садӯм ва шаҳри дар наздикии он буда — Амӯроро аз сабаби бадахлоқияшон нобуд карданӣ аст.

Фариштагон ба Лут гуфтанд: «Бишитоб! Зани худ ва ду духтаратро бигир ва аз ин ҷо бирав!». Лут ва аҳли оилааш дар рафтан сустӣ мекарданд; ба фариштаҳо лозим омад, ки онҳоро аз дасташон гирифта, ба беруни шаҳр бароранд. Баъд аз ин, яке аз фариштаҳо гуфт: «Ҷони худро халос кунед! Ба ақиб нигоҳ накунед. Ба кӯҳ гурезед, то нобуд нашавед».

Лут ва духтаронаш итоат карданд ва аз Садӯм гурехтанд. Онҳо лаҳзае наистоданд ва ба қафо нигоҳ накарданд. Аммо зани Лут итоат накард. Баъд аз он ки каме аз Садӯм дур шуданд, вай истод ва ба ақиб нигарист. Ҳамон лаҳза зани Лут ба сутуни намак мубаддал гашт. Ӯро дар расм мебинӣ?

Мо аз ин ҳодиса дарси хубе гирифта метавонем. Аз он маълум аст, ки Худо танҳо онҳоеро наҷот медиҳад, ки ба Ӯ итоат мекунанд ва касоне ки ба Худо итоат намекунанд, ҳаёташонро аз даст хоҳанд дод.