Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 16

Исҳоқ зани хубе мегирад

Исҳоқ зани хубе мегирад

МЕДОНӢ, ки ин зани дар расмбуда кист? Ӯ Ривқо аст. Ва марде, ки ба пешвози ӯ баромадааст, Исҳоқ мебошад. Ривқо бояд зани Исҳоқ шавад. Чӣ гуна ин тавр шуд?

Ана ин тавр: падари Исҳоқ — Иброҳим, мехост ки писараш зани хубе бигирад. Ӯ намехост, ки Исҳоқ бо ягон зане аз Канъон хонадор шавад, чунки канъониён бутпараст буданд. Бинобар ин, Иброҳим ходими худро ҷеғ зада, мегӯяд: «Мехоҳам, ки ту ба Ҳоррон, ба макони хешовандони ман равӣ ва барои писарам Исҳоқ зане биёбӣ».

Ходими Иброҳим ҳамон замон даҳ шутурро гирифта, ба сафари дуру дароз баромад. Вақте ки ба наздикии макони хешовандони Иброҳим расид, ӯ назди чоҳе таваққуф намуд. Бегоҳирӯз буд — он вақте ки занони шаҳр барои аз чоҳ гирифтани об меомаданд. Ва ходими Иброҳим ба Яҳува дуо кард: «Эй Худованд, ба оғоям эҳсон бикун ва чунин бишавад, то он духтаре ки об барои ман ва шутурҳо меоварад, ҳамоне бошад, ки ту барои Исҳоқ интихоб кардаӣ».

Андаке пас аз ин, Ривқо барои обгирӣ омад. Вақте ки ин мард барои нӯшидан об пурсид, Ривқо дод. Баъд ӯ барои шутурҳо ба андозаи кофӣ об кашонд. Ин кори осон набуд, зеро ки шутурҳо хеле зиёд об менӯшанд.

Ҳангоме ки Ривқо ин корро тамом кард, ходими Иброҳим аз ӯ номи падарашро пурсид. Ҳамчунин ӯ пурсид, ки барои шабгузаронӣ ҷое дар хонаи падараш ҳаст ё не. Ривқо ҷавоб дод: «Ман духтари Батуил ҳастам ва дар хонаи мо барои шумо ҷой ҳаст». Ходими Иброҳим медонист, ки Батуил писари бародари Иброҳим — Ноҳӯр аст. Ӯ зону зад ва Яҳуваро шукр гуфт, ки вайро ба манзили хешовандони Иброҳим роҳнамоӣ кард.

Он шаб, ходими Иброҳим ба Батуил ва бародари Ривқо — Лобон сабаби омаданашро гуфт. Ҳар дуи онҳо розӣ шуданд, ки Ривқо бо вай равад ва зани Исҳоқ гардад. Вақте ки аз Ривқо пурсиданд, ӯ чӣ ҷавоб дод? Бале, ӯ ба рафтан розӣ шуд. Аллакай рӯзи дигар онҳо савори шутурҳо шуданд ва ба сафари тӯлонии бозгашт ба Канъон баромаданд.

Роҳи дуру дарозро тай карда, онҳо бегоҳирӯзие ба Канъон мерасанд. Ривқо мардеро мебинад, ки дар саҳро ба сӯяшон равона аст. Ин мард Исҳоқ буд. Ӯ Ривқоро дида, хеле хурсанд шуд. Модараш — Соро се сол пеш аз ин мурда буд ва Исҳоқ ба ёди ӯ ҳанӯз ғамгин буд. Вале акнун ӯ Ривқоро хеле дӯст дошт ва аз нав шод шуд.