Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 17

Дугоникҳое, ки ба ҳам монанд набуданд

Дугоникҳое, ки ба ҳам монанд набуданд

ИН ДУ ПИСАРЕ, ки дар расм мебинӣ, аз ҳамдигар хеле фарқ доранд, ҳамин тавр–не? Ту номи онҳоро медонӣ? Писари шикорчӣ — Эсов ва писаре, ки гӯсфандонро бонӣ мекунад, Яъқуб ном дорад.

Эсов ва Яъқуб дугоникҳо, писарони Исҳоқ ва Ривқо ҳастанд. Падарашон Исҳоқ Эсовро хеле дӯст медошт, зеро ки ӯ шикорчии хубе буд ва барои хонавода хӯрок меовард. Вале Ривқо Яъқубро зиёдтар дӯст медошт, чунки вай писари сокиту ором буд.

Бобояшон Иброҳим ҳанӯз зинда буд ва метавонем тасаввур кунем, ки Яъқуб гӯш кардани нақлҳои ӯро дар бораи Яҳува чӣ қадар дӯст медошт! Иброҳим дар синни 175–солагӣ аз олам даргузашт, дугоникҳо дар он вақт 15–сола буданд.

Эсов дар синни 40–солагӣ бо ду зани канъонӣ издивоҷ кард. Исҳоқ ва Ривқо аз ин хеле ғусса мехӯрданд, чунки он занҳо ба Яҳува хидмат намекарданд.

Сипас, рӯзе воқеае рӯй дод, ки Эсов аз боиси он ба бародараш Яъқуб сахт хашмгин шуд. Вақти он расида буд, ки Исҳоқ писари калониашро баракат диҳад. Эсов умед дошт, ки ин баракатро албатта, ӯ соҳиб мешавад, чунки аз бародараш Яъқуб пештар таваллуд шуда буд. Аммо ӯ каме барвақттар ҳуқуқи гирифтани ин баракатро ба Яъқуб фурӯхта буд. Ҳамчунин дар вақти ба дунё омадани ин ду писар, Худо пешгӯӣ карда буд, ки баракатро Яъқуб соҳиб хоҳад шуд.

Баъдтар, вақте ки Эсов аз ин бохабар гашт, ӯ нисбати Яъқуб сахт дарғазаб омад. Он қадар дарғазаб омад, ки гуфт: «Яъқубро хоҳам кушт». Ривқо аз шунидани ин суханон хеле нороҳат шуд ва ба шавҳараш Исҳоқ гуфт: «Агар Яъқуб ҳам аз канъониён зан гирад, аҳволам бадтар хоҳад шуд».

Аз ин рӯ, Исҳоқ писараш Яъқубро ҷеғ зада мегӯяд: «Бо зане аз Канъон издивоҷ накун. Ба Ҳоррон, ба хонаи бобоят Батуил бирав ва яке аз духтарони тағоят — Лобонро ба занӣ бигир».

Яъқуб ба падари худ гӯш дода, ҳамон замон ба сафари дуру дароз, ба сӯи Ҳоррон равона мешавад.