Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 18

Яъқуб ба Ҳоррон меравад

Яъқуб ба Ҳоррон меравад

ОЁ МЕДОНӢ, ки Яъқуб бо кӣ сухан меронад? Баъд аз чандин рӯзи сафар, Яъқуб бо ин одамон дар канори чоҳе вохӯрд. Онҳо гӯсфандони худро бонӣ мекарданд. Яъқуб пурсид: «Шумо аз куҷоед?»

«Аз Ҳоррон» — ҷавоб доданд онҳо.

«Лобонро мешиносед?» — пурсид Яъқуб.

«Мешиносем,— гуфтанд онҳо.— Бубин, духтари ӯ — Роҳел бо галаи гӯсфандони худ ба ин сӯ меояд». Ту Роҳелро мебинӣ, ӯ аз дурӣ равона аст?

Вақте ки Яъқуб Роҳелро бо гӯсфандони тағояш Лобон дид, наздик омада, сангро аз болои чоҳ ғалтонд, то ки гӯсфандон об нӯшида тавонанд. Баъд аз ин, Яъқуб Роҳелро бӯсид ва ба вай кӣ буданашро гуфт. Роҳели ба ҳаяҷономада ба хона рафт ва падараш — Лобонро аз ин хабардор кард.

Лобон аз он ки Яъқуб дар хонаи ӯ мемонад, хеле шод шуд. Ва вақте ки Яъқуб аз ӯ духтараш — Роҳелро ба занӣ пурсид, Лобон аз ин ҳам хурсанд шуд. Аммо вай аз Яъқуб хоҳиш кард, ки барои гирифтани Роҳел ҳафт сол ба ӯ хидмат кунад. Азбаски Яъқуб Роҳелро хеле дӯст медошт, ба ин розӣ шуд. Аммо медонӣ, ки дар вақти тӯй чӣ шуд?

Лобон ба Яъқуб ба ҷои Роҳел духтари калонии худ — Леёро ба занӣ дод. Вақте ки Яъқуб барои ҳафт соли дигари хидмат ба Лобон розӣ шуд, ӯ Роҳелро ҳам ба хоҳарзодааш ба занӣ дод. Дар он замонҳо Худо ба мардон иҷозат медод, ки бештар аз як зан гиранд. Аммо ҳоло, ҳамон тавре ки Китоби Муқаддас нишон медиҳад, мард бояд танҳо як зан дошта бошад.