Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 20

Дино ба нохушӣ афтод

Дино ба нохушӣ афтод

БА РАСМ нигар, Дино ба дидори кӣ меравад? Ба дидори духтароне, ки дар Канъон зиндагӣ мекунанд. Оё падараш Яъқуб аз ин кори ӯ розӣ аст? Барои ёфтани ҷавоб ба ин савол, ба ёд овар, ки Иброҳим ва Исҳоқ дар бораи занони Канъон чӣ фикр мекарданд.

Магар Иброҳим мехост, ки писараш Исҳоқ духтареро аз Канъон ба занӣ гирад? Не, намехост. Ё Исҳоқу Ривқо мехостанд, ки писарашон Яъқуб бо духтари канъоние хонадор шавад? Намехостанд. Медонӣ, барои чӣ?

Барои он ки сокинони Канъон бутпараст буданд. Онҳо одамони хуб набуданд ва бинобар ин ҳамсари хуб ё дӯсти самимӣ шуда наметавонистанд. Бо ин сабаб, метавонем боварӣ дошта бошем; Яъқуб розӣ намебуд, ки духтараш бо духтарони канъонӣ дӯстӣ кунад.

Албатта, бо Дино нохушӣ рӯй дод. Дар расм марди канъониеро, ки ба Дино нигоҳ мекунад, мебинӣ? Номи вай Шакем аст. Рӯзе, вақте ки Дино ба дидори онҳо омад, Шакем ӯро маҷбур кард, ки бо вай ҳамхоб шавад. Ин гуноҳи бузурге буд, чунки танҳо марду зани бо ҳам издивоҷкарда бо якдигар хобида метавонанд. Ин кори баде, ки Шакем ба Дино кард, сабаби мусибатҳои зиёде гашт.

Вақте ки бародарони Дино дар ин бора шуниданд, хеле дарғазаб шуданд. Ду нафари онҳо — Шимъӯн ва Левӣ, шамшерҳо ба даст гирифта, ба шаҳри дар ғафлатбуда ҳуҷум карданд ва бо бародарони худ Шакем ва тамоми мардони дигари шаҳрро куштанд. Яъқуб аз ин кори бади писаронаш хеле ба хашм омад.

Ҳамаи ин нохушиҳо аз чӣ сар шуданд? Аз дӯстии Дино бо онҳое, ки ба қонунҳои Худо итоат намекунанд. Мо намехоҳем, ки чунин дӯстон дошта бошем, ҳамин тавр–не?