Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 21

Бародарони Юсуф ба вай нафрат мекунанд

Бародарони Юсуф ба вай нафрат мекунанд

БУБИН, чӣ қадар ғамгин ва ноумед аст ин писар. Ӯ Юсуф мебошад. Бародаронаш ҳозир ӯро ба ин одамоне, ки сӯи Миср равонаанд, фурӯхтанд. Дар он ҷо Юсуф ғулом мешавад. Барои чӣ бародарони ҳамхуни вай ин корро карданд? Барои он ки онҳо ба Юсуф ҳасад мебаранд.

Падарашон Яъқуб Юсуфро хеле дӯст медошт. Ӯ ба Юсуф либоси зебои дарозе инъом карда, бо ин муҳаббати худро зоҳир намуд. Вақте ки 10 бародари вай диданд, ки Яъқуб Юсуфро то ин андоза дӯст медорад, аз рашку ҳасад Юсуфро бад диданд. Аммо сабаби дигаре низ барои нафрати онҳо вуҷуд дошт.

Юсуф ду хоб дид. Дар ҳардуи хобҳо бародаронаш ба Юсуф таъзим мекарданд. Вақте ки Юсуф ин хобҳояшро ба бародаронаш гуфт, нафрати онҳо ба вай афзуд.

Рӯзе бародарони Юсуф ба бонӣ кардани гӯсфандон машғул буданд ва Яъқуб Юсуфро ба хабаргирии онҳо фиристод. Вақте ки бародаронаш омадани Юсуфро диданд, баъзе аз онҳо пешниҳод карданд: «Биёед, ӯро мекушем!». Аммо Реубен, ки писари калонӣ буд, гуфт: «Не, ин корро накунед!». Ба ҷои ин, Юсуфро ба чоҳе, ки обаш хушк шуда буд, андохтанд. Баъд аз ин нишастанд, то қарор кунанд, ки бо ӯ чӣ кор хоҳанд кард.

Дар ин вақт баъзе тоҷирони исмоилӣ дар наздикии он ҷой равона буданд. Яҳудо ба бародаронаш гуфт: «Биёед, ӯро ба исмоилиён фурӯшем». Ва онҳо ҳамин тавр карданд; Юсуфро ба 20 тангаи нуқра фурӯхтанд. Чӣ кори паст ва бераҳмонае!

Ин бародарон ба падарашон чӣ хоҳанд гуфт? Онҳо бузеро кушта, либосҳои зебои Юсуфро ба хуни он олуда карданд. Сипас, либосро ба хона, ба назди падарашон Яъқуб оварда, гуфтанд: «Мо инро ёфтем. Канӣ бубин, боз либоси Юсуф набошад».

Яъқуб ба он нигарист ва либоси Юсуфро шинохт. «Шояд ягон ҳайвони дарранда Юсуфро куштааст»,— гирякунон мегуфт ӯ. Бародарони Юсуф мехостанд, ки падарашон айнан ҳамин тавр фикр кунад. Яъқуб хеле ва хеле андӯҳгин шуд. Ӯ рӯзҳои дароз гиря мекард. Аммо Юсуф намурда буд. Биё бубинем, ки бо вай чӣ хоҳад шуд.