Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 23

Хобҳои фиръавн

Хобҳои фиръавн

АЗ ОН ВАҚТ ду сол сипарӣ шуд, аммо Юсуф ҳоло ҳам дар зиндон аст. Соқӣ ӯро ба ёд наовард. Шабе фиръавн ду хоби ғайриоддие мебинад ва таъбири онро фаҳмидан мехоҳад. Мебинӣ, ӯ хоб аст? Субҳи дигар, фиръавн ҳама хирадмандони худро даъват карда, хобҳои дидаашро нақл мекунад. Аммо онҳо ин хобҳоро таъбир карда наметавонанд.

Ана акнун соқӣ Юсуфро ба хотир меорад ва ба фиръавн мегӯяд: «Вақте ки зиндонӣ будам, он ҷо марде буд, ки хобҳоро таъбир карда метавонист». Фиръавн дарҳол фармуд, ки Юсуфро аз зиндон берун оранд.

Сипас, фиръавн хобҳояшро ба Юсуф нақл мекунад: «Ҳафт гови хубсурат ва фарбеҳ дидам. Баъд аз ин ҳафт гови харобу лоғар дидам. Ва говҳои хароб говҳои фарбеҳро хӯрданд.

Дар хоби дуюми худ ҳафт хӯшаи некӯ ва пурбор дидам, ки дар як поя сабзидаанд. Баъд ҳафт хӯшаи борику холӣ ва хушкшударо дидам. Ва ин хӯшаҳои холӣ хӯшаҳои солим ва пурборро фурӯ бурданд».

Юсуф ба фиръавн мегӯяд: «Таъбири ҳардуи хобҳо як аст. Ҳафт гови фарбеҳ ва ҳафт хӯшаи пурбор ҳафт сол астанд ва ҳафт гови лоғару ҳафт хӯшаи хушкида ҳафт соли дигаранд. Инак, ҳафт соли фаровонии бузург дар Миср фаро мерасад. Вале баъд аз онҳо ҳафт соли қаҳтӣ меояд».

Юсуф ба сухан идома медиҳад: «Марди оқилеро таъин намо, ки бар ҷамъоварии хӯрокворӣ дар давоми ҳафт соли фаровонӣ сарварӣ кунад. Ва мардум дар давоми ҳафт соли қаҳтӣ гуруснагӣ нахоҳанд кашид».

Ба фиръавн ин ақида маъқул мешавад. Ӯ Юсуфро барои ҷамъоварӣ ва захираи ғизо таъин мекунад. Ва Юсуф баъд аз фиръавн бонуфузтарин шахс дар Миср мегардад.

Баъд аз ҳашт сол, дар замони қаҳтӣ, боре чашми Юсуф ба чанд марде афтод, ки ба сӯяш равона буданд. Оё медонӣ, ки онҳо кистанд? Охир инҳо 10 бародари калонии Юсуф мебошанд! Падарашон Яъқуб онҳоро ба Миср фиристод, чунки дар диёрашон — Канъон дигар хӯрокворӣ намонда буд. Юсуф бародаронашро шинохт, лекин онҳо вайро нашинохтанд. Медонӣ, барои чӣ? Барои он ки Юсуф калонтар шуда буд ва дар тан намуди дигари либос дошт.

Юсуф хоби дар кӯдакӣ дидаашро ба ёд овард, ки дар он бародаронаш омада, ба вай таъзим мекунанд. Дар ёд дорӣ, мо дар ин бора хонда будем? Ва Юсуф мефаҳмад, ки Худо ӯро ба Миср фиристодааст ва бо нияти нек ин тавр кардааст. Ба фикри ту, Юсуф чӣ кор хоҳад кард? Биё бубинем.