Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 24

Юсуф бародарони худро месанҷад

Юсуф бародарони худро месанҷад

ЮСУФ фаҳмидан мехост, ки бародаронаш ҳоло ҳам разилу бераҳманд, ё не. Аз ин рӯ, ӯ гуфт: «Шумо ҷосус ҳастед; барои дидани заифиҳои мамлакати мо омадаед».

«Не, мо ҷосус нестем,— ҷавоб доданд онҳо.— Мо одамони бовиҷдон ҳастем. Мо дувоздаҳ бародаронем. Яке дигар дар байни мо нест, хурдӣ бошад, дар хона бо падарамон аст».

Юсуф вонамуд кард, ки боварияш ба онҳо намеояд. Ӯ яке аз онҳо — Шимъӯнро зиндонӣ мекунад ва ба бародарони дигараш иҷозат медиҳад, ки ғалла гирифта, ба хонаашон баргарданд. Вале дар вақти хайрухуш ба онҳо мегӯяд: «Вақте ки боз меоед, бояд бо худ бародари хурдиатонро биёред».

Ба Канъон баргашта, онҳо воқеаи рӯйдодаро ба падарашон Яъқуб нақл мекунанд. Яъқуб хеле андӯҳгин мегардад. «Юсуф дигар нест,— гиря мекард ӯ.— Акнун Шимъӯн ҳам дигар нест... Ман намегузорам, ки писари хурдиам Бинёминро ҳам баред». Аммо вақте ки ғизо қариб тамом мешуд, Яъқуб маҷбур мешавад, ки Бинёминро ба Миср ҷавоб диҳад, то онҳо боз ғалла оварда тавонанд.

Инак, Юсуф мебинад, ки бародаронаш омада истодаанд. Ӯ аз дидори бародари хурдиаш — Бинёмин хеле хурсанд мешавад. Албатта, ягон нафари онҳо намефаҳмид, ки ин шахси бонуфуз Юсуф аст. Акнун Юсуф 10 бародари ҳамхунашро санҷиданӣ шуд.

Вай ба хизматгорони худ мефармояд, ки ҷуволҳои бародаронашро аз ғалла пур кунанд. Ва худаш ноаён ҷоми нуқрагинашро ба ҷуволи Бинёмин меандозад. Ҳанӯз онҳо дур нарафта буданд, ки Юсуф хизматгорони худро аз паяшон фиристод. Хизматгорон ба онҳо расида, мепурсанд: «Барои чӣ ҷоми нуқрагини хоҷаи моро дуздидед?»

«Мо ҷоми ӯро надуздидаем,— бо як овоз мегӯянд бародарон.— Агар он ҷомро дар байни чизҳои ягон нафари мо ёбед, бигузор он шахс кушта шавад».

Хизматгорон тамоми ҷуволҳоро кофтанд ва ҷомро, чуноне ки дар ин ҷо мебинӣ, дар ҷуволи Бинёмин ёфтанд ва баъд аз ин гуфтанд: «Боқимондагон метавонанд бираванд, вале Бинёмин бояд бо мо бимонад». Акнун 10 бародари ҳамхун чӣ кор мекунанд?

Онҳо ҳама бо Бинёмин ба манзили Юсуф бармегарданд. Юсуф ба бародаронаш мегӯяд: «Ҳамаи шумо метавонед ба хонаатон баргардед, аммо Бинёмин бояд ин ҷо бимонад ва ғуломи ман гардад».

Дар ин вақт Яҳудо ба зорӣ медарояд: «Агар бе ин писар ба хона баргардем, падари ман хоҳад мурд, чунки вай ин писарро хеле дӯст медорад. Тавалло мекунам, маро ба ғуломӣ гиред, лекин ӯро ба хона ҷавоб диҳед».

Юсуф дид, ки бародаронаш тағир ёфтаанд. Онҳо дигар шахсони пасту бераҳм набуданд. Биё бубинем, ки акнун Юсуф чӣ кор хоҳад кард..