Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 26

Айюб ба Худо содиқ мемонад

Айюб ба Худо содиқ мемонад

БА ИН марди бемор дилат месӯзад? Номи вай Айюб аст ва ин зан ҳамсари ӯст. Медонӣ, ки ӯ ба Айюб чӣ мегӯяд? — «Худоро лаънат бикун ва бимир». Биё бубинем, ки барои чӣ ӯ ин тавр мегӯяд ва чаро Айюб ин қадар азоб мекашад.

Айюб марди содиқе буд, ки ба Худо итоат мекард. Ӯ дар сарзамини Ус, ки аз Канъон на он қадар дур аст, зиндагӣ мекард. Яҳува Айюбро хеле дӯст медошт, аммо шахсе мавҷуд буд, ки ба вай нафрат мекард. Кӣ будани ӯро медонӣ?

Ӯ Шайтон Иблис аст. Дар хотир дорӣ, Шайтон фариштаи бадест, ки Яҳуваро чашми дидан надорад. Ӯ тавонист, ки Одаму Ҳавворо ба саркашӣ аз Яҳува барангезад ва ӯ фикр мекард, ки ҳар як каси дигарро ҳам ба роҳи сарпечӣ аз фармудаҳои Яҳува бурда метавонад. Вале оё ӯ ба ин қодир буд? Не. Танҳо он мардону занони вафодореро, ки дар бораашон омӯхта будем, ба хотир овар. Чанд нафари онҳоро номбар карда метавонӣ?

Баъд аз марги Яъқуб ва Юсуф дар Миср, Айюб дар рӯи замин инсони содиқтарин ба Яҳува буд. Яҳува мехост Шайтон бидонад, ки ҳамаро ба роҳи бад бурда наметавонад, бинобар ин гуфт: «Ба Айюб нигар. Бубин, ки ӯ чӣ қадар ба Ман содиқ аст».

«Ӯ содиқ аст,— гуфт Шайтон,— чунки Ту ӯро баракат медиҳӣ ва ӯ чизҳои хуби бисёре дорад. Аммо агар ин чизҳояшро аз ӯ бигирӣ, вай Туро лаънат хоҳад кард».

Баъд аз ин, Яҳува гуфт: «Бирав ва чизҳояшро бигир. Ҳар кори баде, ки дар ҳаққи Айюб кардан мехоҳӣ, бикун. Мебинем, ки ӯ Маро лаънат мекунад, ё не. Фақат ӯро накуш».

Дар аввал Шайтон мардонеро ба васваса андохт ва онҳо говҳо ва шутурҳои Айюбро дуздиданд. Пас аз ин, вай гӯсфандони Айюбро нобуд кард. Баъд 10 писару духтари ӯро дар гирдбод кушт. Сипас Шайтон Айюбро ба ин бемории даҳшатнок гирифтор кард. Айюб азоби зиёде кашид. Ана барои чӣ занаш ба вай гуфт: «Худоро лаънат бикун ва бимир». Аммо Айюб ин корро накард. Ҳамчунин, се “дӯсти номӣ”–и ӯ наздаш омада гуфтанд, ки вай дар гузашта бисёр гуноҳ мекард. Лекин Айюб дар ин ҳолат ҳам содиқ мемонд.

Яҳува аз ин хеле хурсанд шуд ва чуноне ки дар расм мебинӣ, дар натиҷа Ӯ Айюбро баракат дод. Худо бемории Айюбро шифо бахшид. Айюб боз 10 писару духтари зебои дигар ёфт ва аз пештара дучанд зиёдтар соҳиби рамаҳои гӯсфандону шутурҳо шуд.

Ту ҳам мисли Айюб ба Яҳува ҳамеша содиқ мемонӣ? Агар ҳа, Худо туро ҳам баракат хоҳад дод. Ва замоне ки тамоми рӯи замин ба биҳишти зебое мисли боғи Адан, мубаддал мешавад, ту метавонӣ дар он ҷовидона зиндагӣ кунӣ.