Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 27

Дар Миср подшоҳи бад ҳукм меронад

Дар Миср подшоҳи бад ҳукм меронад

МАРДҲОЕ, ки дар ин ҷо мебинӣ, одамонро маҷбур мекунанд, ки барояшон кор кунанд. Ба ин мард нигар, ӯ коргареро бо қамчин мезанад! Коргарон аз насли Яъқуб ҳастанд, онҳоро исроилиён меноманд. Ва ин мардоне, ки онҳоро барои кор кардан маҷбур мекунанд, мисрӣ ҳастанд. Исроилиён ғуломи мисриён гаштанд. Чӣ хел ин тавр шуд?

Оилаи калони Яъқуб солҳои зиёде дар Миср дар сулҳу оромӣ зиндагӣ мекард. Дар бобати онҳо Юсуф, ки марди бонуфузтарини Миср баъд аз фиръавн буд, ғамхорӣ менамуд. Аммо баъдтар Юсуф мурд. Фиръавни нав, ки исроилиёнро дӯст намедошт, подшоҳи Миср шуд.

Ин фиръавни бад исроилиёнро ғулом кард. Ва бар сари онҳо мардонеро гузошт, ки золиму бераҳм буданд. Онҳо исроилиёнро ба корҳои сахти сохтмони шаҳрҳо барои фиръавн маҷбур мекарданд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, шумораи исроилиён зиёдтар мешуд. Бо гузашти вақт мисриён аз хеле зиёд ва пурзӯр шудани исроилиён метарсидагӣ шуданд.

Медонӣ, ки фиръавн чӣ кор кард? Ӯ занҳоеро, ки ба занони исроилӣ дар таваллуд кардани кӯдак ёрӣ медоданд, фармуд: «Ҳар писарбачаеро, ки ба дунё меояд, шумо бояд бикушед». Вале инҳо занҳои хуб буданд ва кӯдаконро куштан намехостанд.

Бинобар ин, фиръавн ба навкаронаш гуфт: «Писарбачаҳои исроилиёнро гирифта, нобуд кунед. Бигузор танҳо духтарбачаҳо зинда монанд». Магар ин фармони даҳшатнок набуд? Биё бубинем, ки чӣ тавр яке аз писарбачаҳо наҷот меёбад..