Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 28

Чӣ тавр Мусои кӯдак наҷот меёбад

Чӣ тавр Мусои кӯдак наҷот меёбад

ИН КӮДАКИ хурдакакро бубин, ки гиря мекунад ва дар дасташ ангушти занро медорад. Ӯ Мусо аст. Ин зани зебо бошад, медонӣ кист? Шоҳдухтари Миср, духтари фиръавн аст.

Модари Мусо, кӯдакро то семоҳагияш пинҳон мекард, зеро намехост, ки вай аз дасти мисриён кушта шавад. Аммо ӯ мефаҳмид, ки онҳо Мусоро ёфта метавонанд, аз ин рӯ барои наҷоти вай қароре кард.

Ӯ сабадеро гирифта, ба он қатрон молид, то ки обногузар шавад. Сипас Мусоро ба даруни сабад монда, онро дар алафзори лаби дарёи Нил гузошт. Ба хоҳари Мусо — Марям, гуфт то дар ҳамон наздикиҳо биистад ва нигоҳ кунад, ки чӣ мешавад.

Баъди чанде духтари фиръавн барои оббозӣ ба соҳили дарёи Нил омад. Ногаҳон чашмаш ба сабаде дар байни алафҳо афтод. Ӯ ба яке аз канизони худ фармуд: «Бирав ва он сабадро ба ман биёр». Вақте ки шоҳдухтар сабадро кушод; оҳ, чӣ кӯдаки зебое дар даруни он буд! Мусои хурдакак гиря мекард ва дили шоҳдухтар ба ҳоли вай сӯхт. Ӯ намехост, ки кӯдакро ба куштан диҳад.

Дар ин вақт Марям омад. Ӯро метавонӣ дар расм бубинӣ. Марям аз шоҳдухтар пурсид: «Мехоҳед, ки занеро аз исроилиён бароятон фарёд кунам, то ки кӯдакро парасторӣ кунад?»

«Хуб мешуд, хоҳиш мекунам, фарёд кун» — гуфт шоҳдухтар.

Баъд аз ин, Марям тозон рафта, модарашро хабардор кард. Вақте ки модари Мусо ба назди вай омад, шоҳдухтар гуфт: «Ин писарро бигир ва барои ман парасторӣ бикун, муздатро хоҳам дод».

Ҳамин тавр, модари Мусо парастори кӯдаки худаш гашт. Баъдтар, вақте ки Мусо ба андозаи кофӣ калон шуд, модараш вайро ба духтари фиръавн бурд, ки ӯ Мусоро ба фарзандӣ қабул карда буд. Ана ҳамин тавр Мусо дар хонадони фиръавн калон шуд.