Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 29

Чаро Мусо мегурезад?

Чаро Мусо мегурезад?

БУБИН; Мусо аз Миср гурехта истодааст. Онҳоеро, ки аз қафои вай медаванд, мебинӣ? Медонӣ барои чӣ онҳо Мусоро куштан мехоҳанд? Канӣ, биё бубинем.

Мусо дар хонадони ҳокими Миср — фиръавн ба воя расид. Ӯ марди бохирад ва бонуфузе шуд. Мусо медонист, ки вай мисрӣ нест, балки исроилӣ аст; охир падару модари ҳақиқияш аз ғуломони исроилӣ буданд.

Дар вақтҳои 40–солагиаш, рӯзе Мусо қарор кард, ки аз аҳволи ҳамқавмонаш хабар гирад. Бо онҳо хеле бад муносибат мекарданд. Ӯ дид, ки мисрие ғуломи исроилиро мезанад. Мусо ба атрофаш нигарист ва вақте дид, ки касе нигоҳ намекунад, марди мисриро зад ва он мисрӣ мурд. Сипас ҷисми вайро Мусо дар рег гӯр кард.

Рӯзи дигар, Мусо боз ба хабаргирии қавмаш рафт. Ӯ фикр мекард, ки ба онҳо ёрӣ расонида ва аз ғуломӣ озод карда метавонад. Вале дар он ҷо Мусо ду марди исроилиеро дид, ки бо ҳам занозанӣ мекунанд. Мусо ба оне, ки ноҳақ буд, гуфт: «Барои чӣ бародари худро мезанӣ?»

Он мард ҷавоб дод: «Туро бар сари мо кӣ ҳокиму довар мондааст? Чӣ, ту маро ҳам мисли он марди мисрӣ куштанӣ ҳастӣ?»

Мусо аз ин суханон ба тарс афтод. Ӯ фаҳмид, ки одамон аз коре, ки ӯ бо мисрӣ кард, бохабар шудаанд. Ҳатто фиръавн аз ин хабардор шуда, одамонашро барои куштани Мусо фиристод. Ана барои чӣ Мусо аз Миср гурезон аст.

Мусо Мисрро тарк карда, ба сарзамини дури Мидён омад. Дар он ҷо ӯ бо хонаводаи Йитрӯ шинос шуд ва бо яке аз духтарони вай бо номи Сифӯра издивоҷ кард. Мусо ба чӯпонӣ машғул шуда, гӯсфандони Йитрӯро бонӣ мекард. Ӯ дар сарзамини Мидён 40 соли дигар зиндагӣ намуд. Акнун Мусо 80–сола шудааст. Ва рӯзе, ҳангоме ки гӯсфандони Йитрӯро бонӣ мекард, воқеаи аҷибе рӯй медиҳад, ки равиши ҳаёти Мусоро тамоман дигаргун мекунад. Саҳифаро бигардон ва биё бифаҳмем, ки он чӣ воқеаи аҷибест..