Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 30

Хорбуттаи фурӯзон

Хорбуттаи фурӯзон

МУСО дар роҳи ҷустуҷӯи алаф то кӯҳи Ҳӯриб омад. Дар ин ҷо ӯ буттаеро дид, ки дар алангаи оташ фурӯзон аст, лекин намесӯзад!

«Аҷоибот! — фикр кард Мусо.— Наздиктар меравам, ки беҳтар бубинам». Ва вақте ки ҳамин тавр кард, аз буттаи фурӯзон овозе баромад, ки мегуфт: «Дигар наздик наой. Кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро ту дар замини муқаддас истодаӣ». Ба воситаи фаришта худи Худо сухан мегуфт, аз ин рӯ Мусо рӯяшро пӯшид.

Пас Худо гуфт: «Ман ранҷу азоби қавми Худро дар Миср дидам. Бинобар ин мехоҳам, ки онҳоро озод кунам ва ту ҳастӣ шахсе, ки Ман барои аз Миср озод намудани қавмам чун роҳбалад мефиристам». Яҳува халқи худро дар сарзамини зебои Канъон маскун карданӣ буд.

Лекин Мусо гуфт: «Ман ҳеҷ касам, чӣ тавр ин корро карда метавонам? Фарз кардем, ки ман рафтам. Исроилиён хоҳанд пурсид, ки “Туро кӣ фиристод?” Ман ба онҳо чӣ ҷавоб медиҳам?»

«Ту бояд ин тавр бигӯӣ,— ҷавоб дод Худо,— ЯҲУВА, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб маро назди шумо фиристод». Ва Яҳува илова кард: «Ин аст исми Ман то абад».

«Агар онҳо бовар накунанд, ки маро Ту фиристодаӣ, он гоҳ чӣ?» — пурсид Мусо.

«Дар дастат чист?» — савол дод Худо.

Мусо ҷавоб дод: «Асо».

«Онро ба замин парто»,— гуфт Худо. Мусо ҳамин тавр кард ва асо ба мор мубаддал шуд. Яҳува баъд аз ин мӯъҷизаи дигаре нишон дод. Ӯ гуфт: «Дастатро зери бағалат бимон». Мусо ҳамин тавр кард ва вақте ки дасташро берун овард, он мисли барф сафед шуда буд! Гӯё ки дасташ ба бемории даҳшатноки махав мубтало бошад. Баъд аз ин Яҳува ба Мусо тавоноӣ дод, ки мӯъҷизаи сеюмро ба амал орад. Ва пас аз ҳамаи ин, Худо гуфт: «Вақте ки ин мӯъҷизаҳоро нишон медиҳӣ, исроилиён бовар хоҳанд кард, ки туро Ман фиристодаам».

Баъд, Мусо ба хона омада, ба Йитрӯ мегӯяд: «Хоҳиш мекунам, маро ба назди хешовандонам, ба Миср ҷавоб деҳ, то ки аз аҳволашон хабар гирам». Йитрӯ бо ӯ хайру хуш мекунад ва Мусо ба Миср бармегардад.