Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 35

Яҳува қонунҳои худро медиҳад

Яҳува қонунҳои худро медиҳад

ПАС АЗ ду моҳи баромадан аз Миср, исроилиён ба кӯҳи Сино мерасанд, ки он Ҳӯриб низ номида мешавад. Ин ҳамон ҷоест, ки Яҳува аз буттаи фурӯзон бо Мусо сӯҳбат карда буд. Халқ дар он ҷо хайма зада, муддате зиндагӣ мекунад.

Дар он вақте ки мардум дар поён буданд, Мусо ба кӯҳ мебарояд. Дар он ҷо Яҳува ба Мусо мегӯяд, ки Ӯ мехоҳад то исроилиён ба Вай итоат кунанд ва қавми махсуси Худо шаванд. Мусо ба поён фаромада, ба исроилиён гуфтаҳои Яҳуваро мерасонад. Ва қавм мегӯяд, ки халқи махсуси Яҳува будан мехоҳанд, аз ин рӯ ба Ӯ итоат хоҳанд кард.

Дар он вақт Яҳува кори ғайриоддие ба амал меорад. Ӯ чунон мекунад, ки аз қуллаи кӯҳ дуд мебарояд ва раъду барқе бо садои баланд ба амал меояд. Ҳамчунин Ӯ ба одамон мегӯяд: «Ман Яҳува, Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз Миср баровардам». Сипас Худо мефармояд: «Шумо набояд худои дигареро ғайр аз Ман ибодат кунед».

Илова бар ин, Худо ба исроилиён нӯҳ аҳком ё қонуни дигар ҳам медиҳад. Халқ ба ҳарос меафтад. Онҳо аз Мусо хоҳиш мекунанд: «Ба мо ту сухан бигӯй, чунки метарсем, ки агар Худо бо мо сухан гӯяд, метавонем бимирем».

Баъдтар, Яҳува ба Мусо мегӯяд: «Ба назди Ман ба кӯҳ баро. Ман ду лавҳаи сангие ба ту хоҳам дод, ки дар онҳо қонунҳоро навиштаам,— бигзор халқ онҳоро риоя намояд». Мусо бори дигар ба кӯҳ мебарояд. Ӯ дар он ҷо 40 рӯзу шаб мемонад.

Худо ба халқ қонунҳои хеле зиёде медиҳад. Мусо онҳоро навишта мегирад. Худо ба Мусо ду лавҳаи сангиро низ медиҳад, ки дар онҳо худи Худо 10 қонунеро, ки ба мардум гуфта буд, навиштааст. Онҳо “Даҳ Аҳком” номида мешаванд.

Даҳ Аҳком — қонунҳои хеле муҳим ҳастанд. Вале қонунҳои дигаре, ки Худо ба исроилиён додааст, ҳамчунин муҳим мебошанд. Яке аз ин қонунҳо чунин аст: «Яҳува Худои худро бо тамоми дили худ, бо тамоми ҳуши худ, бо тамоми ҷони худ, бо тамоми қуввати худ дӯст бидор». Ва қонуни дигар ин аст: «Наздикони худро мисли худ дӯст бидор». Писари рӯҳонии Худо — Исои Масеҳ гуфтааст, ки инҳоянд ду қонуни бузургтарине, ки Яҳува ба қавми Худ — Исроил додааст. Баъдтар, мо дар бораи ин писари рӯҳонии Худо чизҳои зиёдтаре хоҳем омӯхт.