Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 36

Гӯсолаи тиллоӣ

Гӯсолаи тиллоӣ

OҲ, ОҲ! Мардум чӣ кор карда истодаанд?! Онҳо ба гӯсола ибодат мекунанд! Барои чӣ онҳо ин тавр мекунанд?

Вақте ки Мусо муддати дарозе дар кӯҳ мемонад, одамон мегӯянд: «Мо намедонем, ки бо Мусо чӣ шуд. Барои ҳамин, биёед худое бисозем, ки моро аз ин сарзамин барорад».

«Хуб,— розӣ мешавад бародари Мусо Ҳорун,— ҳалқаҳои тиллоии худро аз гӯш бароварда, ба ман диҳед». Вақте ки одамон ҳамин тавр мекунанд, Ҳорун онҳоро гудохта, гӯсолаи тиллоӣ месозад. Ва одамон мегӯянд: «Ин аст Худои мо, ки моро аз Миср баровард!». Пас аз ин, исроилиён ҷашни калоне ороста, гӯсоларо парастиш мекунанд.

Яҳува аз дидани ин хеле ба ғазаб меояд ва ба Мусо мегӯяд: «Шитоб кун ва ба поён бирав. Халқ гуноҳи азиме карда истодааст. Онҳо қонунҳои Маро фаромӯш карданд ва гӯсолаи тиллоиро парастиш мекунанд».

Мусо бошитоб аз кӯҳ поён мефарояд. Ва вақте ки наздик мешавад, ин аст саҳнае, ки ӯ мебинад: одамон дар гирди гӯсолаи тиллоӣ бо сурудхонӣ рақсу бозӣ мекунанд! Мусо аз ин чунон ба хашм меояд, ки ду лавҳаи сангии қонунҳоро ба замин мезанад ва онҳо пора–пора мешаванд. Баъд аз ин ӯ гӯсолаи тиллоиро гирифта, мегудозад ва ба хока табдил медиҳад.

Мардум гуноҳи сахт карданд. Бо ин сабаб, Мусо ба чанде аз мардон мегӯяд, ки шамшерҳои худро ба даст гиранд. «Одамони баде, ки ба гӯсола ибодат карданд, бояд бимиранд»,— мегӯяд Мусо. Ва аз дасти ин мардон 3 000 нафар кушта мешаванд! Магар ин нишон намедиҳад, ки мо бояд боэҳтиёт бошем, то танҳо Яҳуваро ибодат намоем, на ягон худои сохтаи дигарро?