Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 37

Хайма барои ибодат

Хайма барои ибодат

ОЁ МЕДОНӢ, ки ин чӣ сохтмоне аст? Ин хаймаи махсусе барои ибодати Яҳува мебошад. Он ҳамчунин хаймаи муқаддас номида мешавад. Қавм онро баъд аз як соли баромадан аз Миср сохтанд. Оё медонӣ, ки он аз рӯи нақшаи кӣ сохта шуд?

Аз рӯи нақшаи Яҳува. Вақте ки Мусо дар кӯҳи Сино буд, Яҳува ба ӯ тарзи сохтани ин хаймаро нақл кард. Ӯ гуфт, ки хаймаро тарзе бисозанд, ки қисмҳояшро ба осонӣ аз ҳам ҷудо кардан мумкин бошад, то ки онҳоро ҳангоми ба ҷое кӯч бастан аз нав пайваст карда тавонанд. Бинобар ин, исроилиён дар биёбон аз ҷое ба ҷое кӯчида, хаймаро бо худ бурда метавонистанд.

Агар ба даруни ҳуҷраи хурде, ки дар охири хаймаи муқаддас аст, нигоҳ кунӣ, сандуқеро хоҳӣ дид. Он сандуқи аҳд номида мешавад. Аз ду тарафи он ду фаришта, ё каррубиёни аз тилло сохташуда мавҷуданд. Худо бори дигар Даҳ Аҳкоми худро дар ду лавҳаи сангӣ навишт, чунки Мусо лавҳаҳои якумро шикаста буд. Ва ин лавҳаҳо дар даруни сандуқи аҳд нигоҳ дошта мешуданд. Ҳамчунин дар даруни сандуқ зарфе бо манн ҳаст. Дар хотир дорӣ, ки манн чист?

Яҳува бародари Мусо — Ҳорунро саркоҳин интихоб мекунад. Ҳорун халқро дар ибодати Яҳува сарварӣ мекунад. Писарони вай ҳам коҳин мешаванд.

Акнун ба ҳуҷраи калони хайма нигар. Он аз ҳуҷраи хурд ду маротиба калонтар аст. Дар он қуттӣ ё сандуқчаеро, ки аз он дуд мебарояд, мебинӣ? Ин қурбонгоҳ аст, коҳинон дар он маводи хушбӯеро, ки бухур номида мешавад, месӯзонанд. Дар он ҷо чароғдоне низ вуҷуд дорад, ки дорои ҳафт чароғ аст. Ва чизи сеюм дар ҳуҷра миз мебошад. Дар рӯи он 12 қурси нон гузошта шудааст.

Дар саҳни ҳавлии хаймаи муқаддас лаганди пур аз об ҳаст. Коҳинон аз он барои шустушӯ истифода мекунанд. Ҳамчунин дар он ҷо қурбонгоҳи калоне низ мавҷуд аст. Дар он ҳайвонҳои кушташударо ҳамчун қурбонӣ барои Яҳува месӯзанд. Хаймаи муқаддас айнан дар мобайни қароргоҳ ҷойгир аст, исроилиён бошанд, дар хаймаҳои атрофи он зиндагӣ мекунанд.