Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 38

12 ҷосус

12 ҷосус

БА МЕВАҲОИ дасти ин мардон нигар. Бубин, хӯшаи ангур чӣ қадар калон аст! Онро дар як чӯбдаст мардон дукаса бардоштаанд. Ва ба анору анҷир нигар. Ин меваҳои зеборо аз куҷо оварда бошанд? — Аз сарзамини Канъон. Ба хотир ор, Канъон заминест, ки Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб замоне дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Лекин бо сабаби қаҳтӣ Яъқуб ва аҳли хонаводааш ба Миср кӯч бастанд. Ҳоло, баъд аз 216 сол, Мусо исроилиёнро дар роҳи бозгашт ба Канъон сарварӣ мекунад. Онҳо ба биёбонҷое омаданд, ки Қодеш ном дорад.

Дар сарзамини Канъон одамони бад зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ, Мусо 12 нафарро барои ҷосусӣ ба он ҷо фиристода, мегӯяд: «Бубинед, ки шумораи одамон дар он ҷо чӣ қадар аст ва онҳо то чӣ андоза бақувватанд. Заминро бинед, ки барои киштукор хуб аст ё на. Ва ҳатман бо худ миқдоре аз меваҳои он ҷо биёред».

Ҷосусон ба Қодеш баргашта, ба Мусо хабар меоранд: «Он дар ҳақиқат замини хуб аст». Ва ҳамчун далел ба Мусо меваҳои овардаашонро нишон медиҳанд. Вале 10 нафар аз ҷосусон чунин мегӯянд: «Одамони онҷоӣ хеле калон ва пурзӯр ҳастанд, агар ин сарзаминро гирифтанӣ шавем, кушта хоҳем шуд».

Исроилиён ин гуфтаҳоро шунида, ба тарс меафтанд. «Беҳтар мебуд, ки дар Миср ё ҳатто дар ин биёбон мемурдем. Мо дар ҷанг кушта мешавем ва занону фарзандонамон асир мегарданд,— мегуфтанд онҳо.— Биёед, сарвари наве ба ҷои Мусо интихоб намуда, ба Миср баргардем!».

Аммо ду ҷосусе, ки ба Яҳува эътимод доштанд, ба ором кардани мардум мекӯшиданд. Номи онҳо Еҳушаъ ва Колеб аст. Онҳо мегуфтанд: «Натарсед, Яҳува бо мост. Гирифтани ин сарзамин душвор нахоҳад буд». Лекин одамон гӯш намекарданд. Онҳо ҳатто Еҳушаъ ва Колебро куштан мехостанд.

Яҳува аз ин хеле хашмгин шуд ва ба Мусо гуфт: «Ягон нафари онҳое, ки синнашон аз 20–солагӣ гузаштааст, ба сарзамини Канъон намедароянд. Онҳо мӯъҷизаҳоеро, ки Ман дар Миср ё дар ин биёбон кардам, дидаанд, аммо ҳоло ҳам ба Ман эътимод надоранд. Бинобар ин, 40 сол дар биёбон, то марги охирин нафари онҳо саргардон хоҳанд шуд. Танҳо Еҳушаъ ва Колеб ба сарзамини Канъон хоҳанд даромад».