Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 39

Асои Ҳорун гул мекунад

Асои Ҳорун гул мекунад

ГУЛҲОИ шукуфта ва бодоми пухта расидаро дар асо бубин. Ин асои Ҳорун аст. Гулҳо дар муддати танҳо як шаб дар асои Ҳорун шукуфтаанд! Биё бифаҳмем, ки чаро ин тавр шуд.

Муддатест, ки исроилиён дар биёбон саргардонанд. Баъзеи онҳо фикр мекунанд, ки Мусо набояд сарвар бошад, ё Ҳорун набояд саркоҳин бошад. Қӯраҳ яке аз онҳоест, ки ҳамин тавр фикр мекунанд, Дотон, Абиром ва 250 сарварони дигари халқ ҳам чунин ақида доранд. Ҳамаи ин шахсон ҷамъ шуда, ба Мусо мегӯянд: «Барои чӣ ту худро бар сари мо сарвар мондаӣ?»

Мусо ба Қӯраҳ ва пайравони вай ҷавоб медиҳад: «Субҳи дигар оташдонҳо бигиред ва ба даруни онҳо бухур андозед. Баъд ба назди хаймаи Яҳува оед. Мебинем, ки Яҳува киро интихоб хоҳад кард».

Рӯзи дигар Қӯраҳ ва 250 нафар пайравони ӯ назди хаймаи муқаддас меоянд. Касони зиёди дигар ҳам барои дастгирии ин мардон омаданд. Яҳува хеле дарғазаб мешавад. «Аз хаймаҳои ин мардони бад дуртар истед,— мегӯяд Мусо,— ба ҳеҷ чизи онҳо нарасед». Одамон ба ин гӯш доданд ва аз хаймаҳои Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шуданд.

Пас аз ин Мусо гуфт: «Акнун шумо хоҳед донист, ки киро Яҳува интихоб кардааст. Замин кушода хоҳад шуд ва ин мардони бадкирдорро фурӯ хоҳад бурд».

Ҳамон лаҳзае, ки Мусо гуфтани ин суханонро тамом кард, замин кушода шуд. Хаймаҳои Қӯраҳ, Дотон ва Абиром бо онҳое, ки дар наздашон буданд, фурӯ меғалтанд ва замин маҳкам мешавад. Вақте ки одамон фарёди касони зери замин рафтаистодаро мешунаванд, дод мезананд: «Бигрезед, замин метавонад моро ҳам фурӯ барад!».

Қӯраҳ ва 250 нафар пайравони ӯ ҳоло ҳам назди хаймаи Худованд истодаанд. Дар ин ҳангом Яҳува оташ мефиристад ва ҳамаи онҳоро месӯзонад. Пас аз ин Яҳува ба писари Ҳорун Элъозор мефармояд, ки оташдонҳои мардони кушташударо гирифта, аз он болопӯше барои қурбонгоҳ созад. Ин болопӯш бояд ба исроилиён хотиррасон мекард, ки ба ҷуз Ҳорун ва писарони вай ҳеҷ кас набояд чун коҳини Яҳува хидмат кунад.

Ба ҳар ҳол, Яҳува мехоҳад ба таври хеле равшан нишон диҳад, ки барои каҳонат Ӯ Ҳорун ва писарони вайро интихоб кардааст. Аз ин рӯ, Ӯ ба Мусо мегӯяд: «Бигзор сарвари ҳар сибти Исроил асои худро биёрад. Аз сибти Левӣ бигзор Ҳорун асояшро диҳад. Баъд ҳар яке аз ин асоҳоро дар муқобили сандуқи аҳд бигузор. Асои шахсе, ки Ман интихоб кардаам, гул хоҳад кард».

Саҳар Мусо барои дидан меояд, ана,— асои Ҳорун гул карда, бодом самар овардааст! Акнун ту мефаҳмӣ, ки чаро Яҳува чунон кард, ки асои Ҳорун гул кунад?