Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 40

Мусо бо асо ба кӯҳпора мезанад

Мусо бо асо ба кӯҳпора мезанад

СОЛҲО паси ҳам сипарӣ мешуданд — 10 сол мегузарад, баъд 20 сол, 30 сол, 39 сол... Исроилиён ҳанӯз дар биёбонанд. Лекин дар муддати ҳамаи ин солҳо Яҳува дар бобати халқи худ ғамхорӣ мекунад. Ӯ онҳоро бо манн ғизо медод. Ӯ ба онҳо дар давоми рӯз бо сутуни абр ва шаб бо сутуни оташ роҳнамоӣ мекард. Ва дар тамоми ин солҳо либосҳояшон фарсуда ва пойҳояшон захмӣ нашуданд.

Ҳоло моҳи якум дар соли 40–уми баъд аз баромадан аз Миср аст. Исроилиён боз дар Қодеш хайма задаанд. Ин ҷоест, ки аз он тақрибан 40 сол муқаддам 12 нафар барои ҷосусии замини Канъон фиристода шуда буданд. Хоҳари Мусо — Марям дар Қодеш фавтид. Ва боз дар ин ҷо нохушӣ рӯй медиҳад.

Одамон манбаи обе намеёбанд. Онҳо боз ба Мусо шикваю шикоят мекунанд: «Беҳтар мебуд, ки мемурдем, барои чӣ моро аз Миср баровардию ба ин ҷои нобобе овардӣ, ки дар он ҳеҷ чиз намерӯяд? Дар ин ҷо на гандум ҳаст, на ангуру анҷиру анор. Дар ин ҷо ҳатто обе барои нӯшидан нест!».

Ва ҳангоме ки Мусову Ҳорун ба хаймаи муқаддас барои дуо кардан даромаданд, Яҳува ба Мусо гуфт: «Мардумро ҷамъ кун. Баъд дар рӯ ба рӯи онҳо ба ин шахи кӯҳ муроҷиат намо. Ва аз он об ҷорӣ хоҳад шуд; обе ки барои тамоми одамон ва ҳайвонот кофӣ хоҳад буд».

Мусо одамонро ҷамъ карда, мегӯяд: «Шумо, ки ба Худо эътимод надоред, гӯш кунед! Чӣ, ману Ҳорун бояд аз ин кӯҳпора барои шумо об барорем?» Баъд аз ин, Мусо бо асояш ду маротиба ба шах мезанад ва фаввораи калони об аз кӯҳпора ҷорӣ мешавад. Он ба ҳамаи одамон ва ҳайвонот басанда буд.

Аммо Яҳува бар Мусову Ҳорун хашмгин мешавад. Медонӣ, барои чӣ? Барои он ки Мусо ва Ҳорун гуфтанд, ки онҳо обро аз шах ҷорӣ карданӣ ҳастанд. Лекин дар асл ин корро Яҳува кард. Ва азбаски Мусову Ҳорун ҳақиқатро дар ин бора нагуфтанд, Яҳува онҳоро танбеҳ доданӣ шуд. «Шумо қавми Маро ба Канъон роҳнамоӣ нахоҳед кард»,— гуфт Ӯ.

Баъд аз чанд вақт, исроилиён Қодешро тарк карданд. Пас аз ин онҳо ба кӯҳи Ҳӯр омаданд. Дар он ҷо, дар қуллаи кӯҳ Ҳорун мурд. Ӯ 123 сол умр дид. Исроилиён хеле ғамгин шуданд ва 30 рӯз барои мурдани Ҳорун навҳа карданд. Баъд аз ӯ писараш Элъозор саркоҳини Исроил мешавад.