Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 43

Еҳушаъ сарвар мешавад

Еҳушаъ сарвар мешавад

MУСО мехоҳад, ки ҳамроҳи исроилиён ба замини Канъон ворид шавад. Аз ин рӯ, аз Яҳува хоҳиш мекунад: «Иҷозат бидеҳ, ки аз дарёи Ӯрдун гузарам ва он замини некӯро бубинам». Аммо Яҳува ҷавоб медиҳад: «Бас кун. Дар ин хусус дигар сухане ба Ман нагӯй!». Оё медонӣ, ки чаро Яҳува ин тавр гуфт?

Сабаб дар он воқеаест, ки ҳангоми бо асо ба шах задани Мусо рӯй дода буд. Ба хотир ор; Мусо ва Ҳорун Яҳуваро дар он вақт ҷалол надоданд. Онҳо ба одамон нагуфтанд, ки обро аз шах Яҳува ҷорӣ намуд. Бо ин сабаб Яҳува ба онҳо гуфт, ки ба сарзамини Канъон ворид нахоҳанд шуд.

Ва инак, пас аз гузаштани чанд моҳ аз марги Ҳорун, Яҳува ба Мусо мегӯяд: «Еҳушаъро бигир ва ӯро ба ҳузури Элъозори коҳин ва мардум гузор. Ва дар назди ҳама эълон бикун, ки сарвари нав Еҳушаъ хоҳад буд». Ҳамон гунае, ки дар тасвир мебинӣ, Мусо гуфтаҳои Худоро маҳз ҳамин тавр иҷро мекунад.

Баъд аз ин, Яҳува ба Еҳушаъ мегӯяд: «Қавӣ ва нотарс бош. Ту исроилиёнро ба замини Канъон, ки ба онҳо ваъда додаам, роҳнамоӣ хоҳӣ кард. Ва Ман бо ту хоҳам буд».

Каме дертар Яҳува ба Мусо мегӯяд, ки ба қуллаи кӯҳи Набӯ, ки дар сарзамини Мӯоб аст, барояд. Мусо аз баландӣ дар тарафи дигари дарёи Ӯрдун, замини зебои Канъонро дида метавонад. Яҳува мегӯяд: «Ин аст сарзамине, ки Ман қавл додаам онро ба фарзандони Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб бидиҳам. Ту онро мебинӣ, аммо ба он ворид нахоҳӣ шуд».

Дар он ҷо, дар қуллаи кӯҳи Набӯ Мусо мемирад. Ӯ дар ин вақт 120 сола буд. Ӯ ҳанӯз ҳам бақувват буд ва чашмонаш хуб медиданд. Мардум аз марги Мусо хеле андӯҳгин шуда, гиря мекарданд. Вале аз ҷониби дигар, онҳо хурсанд буданд, ки сарвари нави онҳо Еҳушаъ аст.