Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 45

Убур кардани дарёи Ӯрдун

Убур кардани дарёи Ӯрдун

НИГОҲ КУН! Исроилиён аз дарёи Ӯрдун мегузаранд! Вале оби он куҷост? Азбаски дар ин мавсими сол одатан борони зиёд меборад, ҳамагӣ чанд дақиқа пештар дарё пур аз об буд. Аммо ҳоло оби он куҷое нест шудааст! Исроилиён аз қаъри хушки дарё онро убур карда истодаанд, ҳамон тавре ки аз Баҳри Сурх гузашта буданд! Оби дарё куҷо шуд? Биё бубинем.

Ҳангоме ки барои исроилиён вақти убур кардани дарёи Ӯрдун расид, Яҳува ба Еҳушаъ фармуд, ки ба мардум чунин бигӯяд: «Коҳинон бояд сандуқи аҳдро гирифта, пеш–пеши халқ равона шаванд. Ва ҳамин ки пойҳояшон ба оби Ӯрдун расид, об аз ҷараён боздошта хоҳад шуд».

Коҳинон сандуқи аҳдро бардошта, пеш–пеши мардум равона мешаванд. Ҳангоме ки ба Ӯрдун мерасанд, онҳо якбора ба даруни об қадам мегузоранд. Дарё хеле пурталотум ва чуқур аст. Аммо ҳамин ки пойҳои коҳинон ба об мерасад, ҷараёни об ба бозмондан сар мекунад! Ин мӯъҷиза аст! Яҳува дарёро дар болооби он аз ҷоришавӣ бозмононд. Бо ин сабаб оби дарё ба зудӣ хушк шуд!

Коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоштанд, то мобайни қаъри хушкшудаи дарё мераванд. Онҳоро дар расм мебинӣ? Дар ҳоле ки коҳинон он ҷо истодаанд, исроилиён дарёи Ӯрдунро қадамзанон дар қаъри хушки он убур мекунанд!

Вақте ки ҳама аз дарё мегузаранд, Яҳува ба Еҳушаъ мефармояд, ки ба 12 марди бақувват бигӯяд: «Ба мобайни дарё, ҷое ки коҳинон бо сандуқи аҳд истодаанд, биравед. 12 сангро аз он ҷо гирифта, ба ҷое ки имшаб мемонед, гузоред. Вақте дар оянда фарзандонатон бипурсанд, ки ин сангҳо чӣ маъно доранд, ба онҳо хоҳед гуфт: “Ҳангоме ки сандуқи аҳди Яҳува аз дарёи Ӯрдун мегузашт, оби дарё аз ҷараён боздошта шуд”. Сангҳо ба шумо ин мӯъҷизаро ёдовар хоҳанд кард!». Еҳушаъ ҳамчунин 12 сангро дар қаъри дарё, дар ҷое ки коҳинон истода буданд, мегузорад.

Ана акнун Еҳушаъ ба коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебурданд, мегӯяд: «Аз Ӯрдун бароед». Ҳамин ки онҳо аз дарё баромаданд, об аз нав ба маҷрои худ ҷорӣ шуд.