Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 46

Деворҳои Ериҳӯ

Деворҳои Ериҳӯ

ЧАРО деворҳои Ериҳӯ ғалтида истодаанд? Гӯё ки бомбаи калонеро бар он ҷо партофтаанд. Лекин дар он замонҳо бомбаҳо вуҷуд надоштанд; дар он вақтҳо ҳатто яроқ набуд. Ин як мӯъҷизаи дигари Яҳува аст! Биё бифаҳмем, ки ин ҳодиса чӣ тавр ба вуқӯъ омад.

Гӯш кун, ки Яҳува ба Еҳушаъ чӣ мегӯяд: «Бо мардони ҷангӣ гирди шаҳрро бигардед. Шаш рӯз атрофи онро якборӣ бигардед ва бо худ сандуқи аҳдро ҳам баред. Ҳафт коҳин пешопеши сандуқ равона шуда, шохҳоро бинавозанд.

Дар рӯзи ҳафтум гирди шаҳрро бояд ҳафт маротиба бигардед. Баъд он шохҳоро дурудароз бинавозед ва бигузор ҳар яке аз шумо бо овози баланд фарёд занад. Дар ин ҳангом деворҳои шаҳр фурӯ хоҳанд ғалтид!».

Еҳушаъ ва қавм гуфтаҳои Яҳуваро айнан иҷро мекунанд. Дар вақти гардиш ҳама хомӯш буданд; касе калимае намегуфт. Танҳо садои шохҳо ва шарфаи пойҳо шунида мешуд. Душманони қавми Худованд дар Ериҳӯ шояд хеле ба тарс омаданд. Ресмони сурхеро, ки аз тиреза овезон аст, мебинӣ? Ин тирезаи кӣ бошад? Бале, Роҳоб гуфтаҳои он ду ҷосусро иҷро мекунад. Бо ӯ тамоми аҳли оилааш дар хона ҳастанд ва мушоҳида мекунанд, ки чӣ мешавад.

Дар охир, рӯзи ҳафтум, баъд аз он ки гирди шаҳрро ҳафт маротиба гаштанд, садои шохҳо мебарояд, ҷанговарон бо овози баланд дод мезананд ва деворҳо фурӯ меғалтанд. Баъд аз ин Еҳушаъ мегӯяд: «Ҳамаро дар шаҳр бикушед ва шаҳрро оташ занед. Танҳо тилло, нуқра, мис ва оҳан ба ганҷинаи хаймаи Худованд дохил хоҳад шуд».

Ба он ду ҷосус Еҳушаъ гуфт: «Ба хонаи Роҳоб равед ва ӯро бо аҳли оилааш берун оред». Ҳамон тавре ки ҷосусон ваъда дода буданд, Роҳоб ва аҳли оилааш наҷот ёфтанд.