Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 48

Ҷибъӯниёни зирак

Ҷибъӯниёни зирак

АКНУН бисёре аз шаҳрҳои Канъон барои ҷанг бо Исроил тайёранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ғолиб хоҳанд шуд. Вале сокинони яке аз шаҳрҳои наздик — Ҷибъӯн, чунин фикр намекунанд. Онҳо боварӣ доранд, ки ба исроилиён Худо ёрӣ медиҳад ва аз ин рӯ намехоҳанд, ки бар зидди Худо бароянд. Медонӣ, ки ҷибъӯниён чӣ кор мекунанд?

Онҳо худро сокинони як мамлакати дур вонамуд мекунанд. Чанд нафари онҳо либоси фарсуда ва кафшҳои кӯҳнаи ямоқӣ пӯшида, хӯрҷинҳои фарсударо ба харҳо бор мекунанд ва нони хушку пӯпанакзада бо худ мегиранд. Баъд ба назди Еҳушаъ омада, мегӯянд: «Мо аз мамлакати дурдасте омадаем, чунки дар бораи Худои азими шумо Яҳува шунидаем ва овозаи ҳама корҳое, ки Ӯ барои шумо дар Миср кард, ба гӯшамон расидааст. Бинобар ин, сарваронамон ба мо гуфтанд, ки тӯша барои роҳ гирифта, ба сафар бароем ва инак пеши ту омадаем, ки бирасонем: “Мо бандагони шумо ҳастем. Қавл диҳед, ки бо мо намеҷангед”. Бубинед, ки чӣ тавр аз роҳи дуру дароз либосҳои мо фарсуда ва нонҳои мо хушк шудаанд».

Еҳушаъ ва сарварони дигар ба ҷибъӯниён бовар мекунанд ва қавл медиҳанд, ки бар зидди онҳо нахоҳанд ҷангид. Аммо баъд аз се рӯз хабардор мешаванд, ки ҷибъӯниён аслан дар наздикии онҳо зиндагӣ мекунанд.

«Барои чӣ ба мо гуфтед, ки аз кишвари дур омадаед?»— мепурсад Еҳушаъ аз онҳо.

Ҷибъӯниён ҷавоб медиҳанд: «Мо барои он чунин кардем, ки ба мо гуфтанд Худои шумо Яҳува қавл додааст, ки тамоми сарзамини Канъонро ба шумо хоҳад дод. Аз ин рӯ тарсидем, ки шумо моро мекушед». Лекин исроилиён ба ваъдаи худ вафо карда, ҷибъӯниёнро намекушанд. Ба ҷои ин, ҷибъӯниён ходимони исроилиён мешаванд.

Шоҳи Ерусалим аз он ки ҷибъӯниён бо исроилиён сулҳ бастаанд, хеле дарғазаб мешавад ва ба подшоҳони дигар мегӯяд: «Биёед ба ман ёрӣ диҳед, то бо Ҷибъӯн биҷангам». Ва инак, панҷ подшоҳ бар зидди Ҷибъӯн мебароянд. Оё бо исроилиён сулҳ бастани ҷибъӯниён аз рӯи хирад буд, дар ҳоле ки ин ба ҷанг бо чунин подшоҳон оварда расонд? Хуб, мебинем.