Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 49

Офтоб бозмеистад

Офтоб бозмеистад

БА ЕҲУШАЪ нигар. Вай мегӯяд: «Офтоб, биист!». Ва офтоб аз ҳаракат бозмеистад. Он дар ин ҷо, дар мобайни осмон ба муддати як рӯзи пурра таваққуф мекунад. Ин кори Яҳува аст! Аммо биё бубинем, ки барои чӣ Еҳушаъ аз ҳаракат бозистодани офтобро мехоҳад.

Ҳангоме ки панҷ подшоҳони бади сарзамини Канъон ба ҷанги зидди ҷибъӯниён мебароянд, сокинони Ҷибъӯн ба назди Еҳушаъ кас фиристода, аз ӯ мадад мепурсанд: «Зудтар наздамон омада, моро наҷот деҳ! Ҳама подшоҳони кӯҳнишин омадаанд, ки бар зидди ходимони шумо ҷанг кунанд».

Еҳушаъ фавран бо ҷанговарони худ раҳсипор мешавад. Онҳо тамоми шаб роҳ мераванд. Вақте ки ба Ҷибъӯн мерасанд, ҷанговарони панҷ подшоҳ тарсида, рӯ ба гурез мениҳанд. Дар ин вақт, Яҳува аз осмон жоласангҳои бузург мепартояд. Шумораи сарбозони аз жоласангҳо кушташуда бештар буд аз онҳое, ки аз дасти ҷанговарони Еҳушаъ кушта шуданд.

Еҳушаъ мебинад, ки офтоб ба қарибӣ ғуруб мекунад. Торик хоҳад шуд ва бисёре аз ҷанговарони подшоҳони бад фирор хоҳанд кард. Ана барои чӣ Еҳушаъ ба Яҳува дуо карда, баъд аз он мегӯяд: «Офтоб, биист!». Ва вақте ки офтоб ба нурпошӣ идома медиҳад, исроилиён метавонанд ба пуррагӣ ғолиб шаванд.

Дар Канъон подшоҳони баде, ки ба қавми Худо нафрат доранд, ҳоло ҳам зиёданд. Ба Еҳушаъ ва сарбозонаш қариб шаш сол лозим мешавад, то 31 подшоҳони ин сарзаминро шикаст диҳанд. Вақте ки ин кор ба анҷом мерасад, Еҳушаъ сарзамини Канъонро ба сибтҳое, ки ҳанӯз ба замин эҳтиёҷ доранд, тақсим карда медиҳад.

Солҳои зиёде мегузаранд ва Еҳушаъ дар синни 110–солагӣ мефавтад. То замоне ки ӯ ва дӯстонаш барҳаёт буданд, мардум ба Яҳува итоат мекарданд. Аммо вақте ки ин мардони нек аз дунё гузаштанд, одамон ба рафтори бад сар мекунанд ва ба мушкилиҳо меафтанд. Дар он вақт мардум дар ҳақиқат ба мадади Худо мӯҳтоҷ мегардад.