Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 50

Ду зани шуҷоъ

Ду зани шуҷоъ

ВАҚТЕ ки исроилиён дучори нохушиҳо мешаванд, онҳо ба Яҳува оҳу нола мекунанд. Дар ҷавоби нолаҳои онҳо Яҳува барои мадад сарварони ҷасурро мефиристад. Китоби Муқаддас онҳоро доварон меномад. Еҳушаъ довари нахустин буд ва баъзе аз доварони баъди ӯ таъиншуда Отниил, Эҳуд ва Шамҷар ном доштанд. Лекин ду нафар аз онҳое, ки ба Исроил кӯмак мекарданд, занон буданд — Дебӯро ва Ёил.

Дебӯро пайғамбарзан аст, ӯро Дебӯрои набия низ меноманд. Яҳува ба ӯ дар бораи оянда хабар медод ва Дебӯро гуфтаҳои Худоро ба мардум мерасонд. Дебӯро ҳамчунин довар низ аст. Ӯ дар кӯҳе зери дарахти хурмо менишинад ва мардум омада, барои ҳалли мушкилоташон аз ӯ ёрӣ мепурсанд.

Дар ин замон подшоҳи Канъон Ёбин буд. Ӯ 900 аробаи ҷангӣ дошт. Қӯшуни вай хеле қавӣ буд ва бисёре аз исроилиён маҷбур буданд, ки ходими ӯ бошанд. Сарвари қӯшуни Ёбин Сисро буд.

Рӯзе Дебӯро ба назди Бороқи довар кас фиристода, ба ӯ мерасонад: «Яҳува мегӯяд: “10 000 мардонро бигир ва онҳоро то кӯҳи Тобӯр роҳнамоӣ кун. Он ҷо Сисроро назди ту оварда, ғолибиятро бар ӯву қӯшунаш ба ту хоҳам дод”».

Бороқ ба Дебӯро мегӯяд: «Агар ту бо ман биравӣ, ман меравам». Дебӯро бо вай равона мешавад, лекин чунин мегӯяд: «Ҷалоли ғолибият аз они ту нахоҳад буд, зеро Яҳува Сисроро ба дасти зан хоҳад супурд». Ва ҳамин тавр ҳам мешавад.

Бороқ аз кӯҳи Тобӯр ба пешвози сарбозони Сисро мебарояд. Ногаҳон Яҳува селе мефиристад ва бисёре аз ҷанговарони душман ғарқ мешаванд. Лекин Сисро аз ароба ҷаҳида, мегурезад.

Пас аз чанде, ӯ ба хаймаи Ёил меояд. Ёил вайро ба хона даъват карда, ба ӯ барои шикастани ташнагияш шир менӯшонад. Ин Сисроро хоболуд мекунад ва андаке баъд вай ба хоби сахт меравад. Дар ин вақт Ёил мехи хаймаро гирифта, ба сари ин одами бад мекӯбад. Баъдтар, вақте ки Бороқ меояд, ӯ ба вай Сисрои мурдаро нишон медиҳад. Ана дидӣ, пешгӯиҳои Дебӯро иҷро шуданд.

Саранҷом, подшоҳ Ёбин низ кушта мешавад ва исроилиён аз нав муддате дар оромӣ зиндагӣ мекунанд.