Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 53

Қавли Йифтоҳ

Қавли Йифтоҳ

ОЁ ЯГОН бор бо ту чунин шуда буд, ки ваъдае додӣ, лекин иҷро карданаш бароят ниҳоят душвор буд? Бо марде ки дар расм мебинӣ, ҳамин тавр шуд ва аз ин сабаб ӯ хеле андӯҳгин аст. Ин мард довари ҷасури Исроил аст ва Йифтоҳ ном дорад.

Йифтоҳ дар замонҳое зиндагӣ мекард, ки исроилиён дигар ба Яҳува ибодат намекарданд. Онҳо гаштаву баргашта гуноҳ менамуданд. Аз ин рӯ, Яҳува гузошт, ки аммӯниҳо онҳоро азоб диҳанд. Дар он вақт исроилиён ба Яҳува гиряю нола мекунанд: «Мо бар зидди Ту гуноҳ кардем. Лутфан, ҳоло моро раҳоӣ деҳ».

Мардум аз корҳои бади кардаашон пушаймон шуда, тавба мекунанд. Тавба кардани худро онҳо бо аз нав ибодат кардани Яҳува зоҳир мекунанд. Ва Яҳува боз ба онҳо мадад мерасонад...

Мардум Йифтоҳро барои ҷангидан бар зидди аммӯниёни бад интихоб мекунад. Йифтоҳ хеле мехост, ки Яҳува дар ҷанг ба вай кӯмак кунад. Бинобар ин, ӯ ба Яҳува қавл медиҳад: «Агар ба ман ғолибият бар аммӯниёнро диҳӣ, ҳар касеро, ки баъди бо ғолибият баргаштанам аз хонаам аввал шуда ба пешвозам барояд, ба Ту хоҳам дод».

Яҳува ваъдаи Йифтоҳро шунид ва ба ӯ мадад кард, ки дар ҷанг ғолиб ояд. Вақте ки Йифтоҳ ба хона бармегашт, ту медонӣ, ки ба пешвози вай кӣ баромад? — Духтари вай, ки ягона фарзандаш буд. «Оҳ, духтарам! — гиря мекард Йифтоҳ.— Чӣ ғаме бар сари ман овардӣ! Аммо ман ба Яҳува қавл додаам ва аз он гашта наметавонам».

Ҳангоме ки духтари Йифтоҳ аз қавли падараш бохабар мегардад, дар аввал ӯ ҳам ғамгин мешавад. Зеро ин қавл маънои онро дошт, ки вай бояд падар ва дӯстонашро тарк карда, тамоми умрашро ба хидмати Яҳува дар хаймаи муқаддаси Ӯ, ки дар Шилӯ воқеъ аст, сарф кунад. Духтар ба падараш мегӯяд: «Агар ба Яҳува ваъда дода бошӣ, бояд онро иҷро кунӣ».

Аз ин рӯ, духтари Йифтоҳ ба Шилӯ рафта, бақияи умрашро ба хидмати Яҳува дар хаймаи Ӯ мебахшад. Ҳар сол занони Исроил барои чор рӯз ба хабаргирии ӯ меоянд ва онҳо вақти хуше бо ҳам мегузаронанд. Мардум духтари Йифтоҳро дӯст медоранд, чунки вай яке аз ходимони хуби Яҳува мебошад.