Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 54

Қавитарин мард

Қавитарин мард

НОМИ мардеро, ки дар дунё аз ҳама қавитар буд, медонӣ? Ӯ доваре буд, ки Шимшӯн ном дошт. Ба Шимшӯн Яҳува қувват медод. Хеле қабл аз он ки Шимшӯн ба дунё ояд, Яҳува ба модари вай гуфта буд: «Ба қарибӣ соҳиби писар мешавӣ. Ӯ Исроилро аз фалиштиён наҷот хоҳад дод».

Аксарияти фалиштиёне, ки дар Канъон зиндагӣ мекарданд, одамони хуб набуданд. Онҳо ҷанговарони зиёде доштанд, ки исроилиёнро дар ҳақиқат азият медоданд. Боре, вақте ки Шимшӯн ба маҳалли зисти фалиштиён мерафт, дар роҳ ба шери калоне вохӯрд, ки наъра мезад. Вале Шимшӯн, ҳарчанд ки дар дасташ чизе надошт, шерро кушт. Ҳамчунин вай садҳо фалиштиёни бадро мекушад.

Баъдтар Шимшӯн ба Далило ном зане ошиқ мешавад. Сарварони фалиштиён ба Далило ваъда медиҳанд, ки агар ӯ сирри аз куҷо ин қадар бақувват будани Шимшӯнро фаҳмад, ҳар яки онҳо ба Далило 1 100 сиқли нуқра хоҳанд дод. Далило соҳиби ин пулҳо шудан хост. Ӯ дӯсти ҳақиқии Шимшӯн ё қавми Худо набуд. Бинобар ин, аз Шимшӯн чанд маротиба сирри бузургии қувваташро пурсон мешавад.

Далило охиран Шимшӯнро ба гуфтани рози қувваташ водор мекунад. «Мӯйсари маро ҳеҷ гоҳ нагирифтаанд. Аз вақти ба дунё омаданам Худо маро ходими махсуси худ — назир таъин кардааст. Агар мӯйсари маро гиранд, қувватам гум хоҳад шуд»,— мегӯяд Шимшӯн.

Инак, Далило сирро фаҳмид. Ӯ Шимшӯнро дар рӯи зонуяш хобонида, сипас мардеро даъват мекунад ва вай даромада, ҳафт гесӯи Шимшӯнро мебурад. Ҳангоме ки Шимшӯн бедор мешавад, қувваташ аллакай гум шуда буд. Фалиштиён омада, ӯро асир мегиранд. Онҳо ҳарду чашми Шимшӯнро кӯр карда, ӯро ғуломи худ мегардонанд.

Рӯзе фалиштиён ҷашни бузургеро барои худои худашон — Доҷӯн меороянд ва Шимшӯнро аз зиндон ба он ҷо мебиёранд, то ки ӯро масхараву истеҳзо карда, дилхушӣ кунанд. То ин муддат мӯйсари Шимшӯн аз нав дароз шуда буд. Шимшӯн ба писаре, ки ӯро аз дасташ гирифта мебурд, мегӯяд: «Бимон, то сутунҳоеро, ки бино бар онҳо истодааст, ламс кунам». Пас аз ин, Шимшӯн дар дуо аз Яҳува қувват мепурсад ва сутунҳоро дошта, фарёд мезанад: «Бигузор бо фалиштиён бимирам!». Дар ин ҷашн зиёда аз 3000 фалиштиён буданд ва ҳангоме ки Шимшӯн сутунҳоро тела медиҳад, бино фурӯ меғалтад ва ҳамаи ин одамони бад мемиранд.