Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 55

Писараке ба Худо хидмат мекунад

Писараке ба Худо хидмат мекунад

ЧӢ ПИСАРАКИ зебоест, ҳамин тавр–не? Ӯ Самуил ном дорад. Ва ин марде, ки сари Самуилро сила мекунад, саркоҳини Исроил — Элӣ аст. Дар паси Самуил падари ӯ Элқоно ва модараш Ҳанно истодаанд, Самуилро назди Элӣ онҳо оварданд.

Самуил ҳоло чор–панҷсола аст. Вале ӯ дар хаймаи муқаддаси Яҳува бо Элӣ ва коҳинони дигар зиндагӣ хоҳад кард. Барои чӣ Элқоно ва Ҳанно Самуилеро, ки ҳанӯз хурдакак аст, ба хаймаи муқаддас овардаанд, то ба Яҳува хидмат кунад? Биё бифаҳмем.

Ҳамагӣ чанд сол пештар аз ин, Ҳанно хеле ошуфтахотир буд. Сабаб дар он буд, ки ӯ фарзанд надошт, аммо хеле ва хеле орзу мекард, ки фарзанддор шавад. Рӯзе, вақте ки Ҳанно ба зиёрати хаймаи муқаддаси Яҳува омад, чунин дуо гуфт: «Оҳ, Яҳува, маро ба ёд ор! Агар ба ман писаре ато кунӣ, қавл медиҳам, ки ӯро ба ту хоҳам дод, то тамоми умр бароят хидмат кунад».

Яҳува дуои Ҳанноро мустаҷоб кард ва баъд аз чанд моҳ Ҳанно Самуилро ба дунё овард. Ҳанно писарчаи худро хеле дӯст медошт ва ҳанӯз аз хурдиаш ӯро дар бораи Яҳува таълим медод. Ҳанно ба шавҳараш мегӯяд: «Ҳамин ки Самуил ба андозаи кофӣ калон шавад, то оне ки ба парастор дигар эҳтиёҷ надошта бошад,— ӯро ба хаймаи муқаддас барои хидмати Яҳува медиҳам».

Дар расм айнан ҳамон лаҳзае, ки Ҳанно ва Элқоно Самуилро ба хайма меоранд, тасвир шудааст. Ва азбаски Самуил аз волидонаш таълими хубе гирифта буд, ӯ хурсанд аст, ки дар хаймаи муқаддас ба Яҳува хидмат хоҳад кард. Ҳанно ва Элқоно ҳар сол ба ин хаймаи махсус барои ибодат ва ҳамчунин барои дидани писарчаашон меоянд. Ва ҳар сол Ҳанно ба Самуил ҷомаи нав дӯхта меорад.

Солҳо мегузаранд, Самуил ба хидмати Яҳува дар хаймаи муқаддас идома медиҳад ва ӯро ҳам Яҳува ва ҳам мардум дӯст медоранд. Лекин писарони Элии саркоҳин — Ҳофнӣ ва Финҳос инсонҳои хуб нестанд. Онҳо корҳои бад мекунанд ва дигаронро ҳам ба роҳи сарпечӣ аз Яҳува мебаранд. Элӣ бояд онҳоро аз каҳонат озод гардонад, аммо ӯ ин тавр намекунад.

Самуили ҷавон нагузошт, ки ягон кори бади дар хаймаи муқаддас дидааш ӯро аз хидмати Яҳува боздорад. Азбаски дар байни одамон дӯстдорони Яҳува хеле кам буданд, муддати зиёдест, ки Ӯ ба ҳеҷ инсон сухан намегӯяд. Вақте ки Самуил каме калонтар мешавад, воқеаи аҷибе рӯй медиҳад:

Самуил дар хаймаи муқаддас хобида буд, дар ҳамин вақт овозе ӯро бедор мекунад. Ӯ ҷавоб медиҳад: «Ман дар ин ҷоям». Ва аз ҷой хеста, ба назди Элӣ меравад. «Маро ҷеғ задӣ, инак омадам» — мегӯяд Самуил.

Аммо Элӣ мегӯяд: «Туро ҷеғ назадаам, бирав, хоб кун». Самуил ба ҷойхобаш бармегардад.

Ва дар ин вақт овоз дубора садо медиҳад: «Самуил!». Самуил боз аз ҷойхобаш хеста, ба назди Элӣ медавад. «Маро фарёд кардӣ, ана омадам». Элӣ ҷавоб медиҳад: «Туро фарёд накардаам, писарам, рав бихоб». Самуил баргашта, мехобад.

«Самуил!» — бори сеюм садо медиҳад овоз. Самуил боз назди Элӣ омада, мегӯяд: «Лаббай! Ин дафъа бояд ту маро садо карда бошӣ». Элӣ фаҳмид, ки шахсе ки Самуилро ҷеғ мезанад, бояд Яҳува бошад. Бинобар ин, ба Самуил мегӯяд: «Бори дигар бираву бихоб, агар овозе боз туро садо кунад, чунин бигӯ: “Эй Худованд, бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад”».

Ҳангоме ки Яҳува ӯро такроран мехонад, Самуил ҳамин тавр ҷавоб медиҳад. Яҳува ба Самуил мегӯяд, ки Ӯ Элӣ ва писаронашро ҷазо доданист. Дертар Ҳофнӣ ва Финҳос дар набард бо фалиштиён кушта мешаванд ва Элӣ инро шунида, меғалтад ва гарданаш шикаста, мемирад. Гуфтаи Яҳува ҳамин тавр иҷро шуд.

Самуил ба воя расид ва довари охирини Исроил шуд. Вақте ки ӯ калонсол мешавад, халқ аз ӯ хоҳиш мекунад: «Подшоҳе интихоб кун, то бар мо ҳукмронӣ кунад». Самуил ин корро кардан намехост, зеро подшоҳи онҳо аслан Яҳува буд. Лекин Яҳува ба Самуил мефармояд, ки ба мардум гӯш диҳад.