Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 4

Аз подшоҳи аввалини Исроил то асорат дар Бобил

Аз подшоҳи аввалини Исроил то асорат дар Бобил

Шоул нахустин подшоҳи Исроил мешавад. Аммо Яҳува ӯро рад мекунад ва ба ҷои вай Довуд ба подшоҳӣ интихоб мегардад. Дар бораи Довуд мо бисёр чизҳоро хоҳем фаҳмид. Ҳанӯз дар ҷавонияш Довуд бо Ҷолёти бузургҷусса ҷангид. Баъдтар ӯ аз подшоҳи ҳасадхӯр — Шоул паноҳ мебарад. Боре Абиҷайли зебо ӯро аз кори беандеша бозмедорад.

Сипас, мо дар бораи писари Довуд — Сулаймон, ки баъд аз падараш бар тахти шоҳӣ менишинад, зиёдтар хоҳем донист. Се шоҳи аввали Исроил ҳар яке 40–солӣ ҳукмронӣ карданд. Баъд аз марги Сулаймон, Исроил ба ду салтанат: шимолӣ ва ҷанубӣ тақсим мешавад.

Салтанати шимолии 10–сибта 257 сол вуҷуд дошт ва охиран аз дасти ашшуриҳо нобуд карда шуд. Баъдтар, пас аз 133 сол салтанати ҷанубии 2–сибта низ нобуд шуд. Дар ин вақт исроилиён ба Бобил, ба асорат бурда мешаванд. Ба ин тартиб, қисми чорум 510 соли таърихро дар бар мегирад, ки дар таи онҳо воқеаҳои зиёди таъсирбахш рӯй додаанд.