Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 56

Шоул — подшоҳи нахустини Исроил

Шоул — подшоҳи нахустини Исроил

НИГАР, Самуил ба сари ин мард равған мерезад. Дар он давраҳо, одатан, барои нишон додани он ки касе бар подшоҳӣ интихоб шудааст, ба сари ӯ равған мерехтанд. Яҳува ба Самуил фармуд, ки ба сари Шоул равған резад. Ин равғани хушбӯйи махусе аст.

Шоул фикр мекард, ки ӯ барои подшоҳӣ сазовор нест. «Охир ман бинёминӣ, аз хурдтарин сибти Исроил ҳастам, чаро ба ман мегӯӣ, ки подшоҳ хоҳам шуд?» — мегуфт ӯ ба Самуил. Ба Яҳува Шоул маъқул буд, чунки ӯ шахси бузург ва муҳим будан намехост. Барои ҳамин, Ӯ Шоулро ба подшоҳӣ интихоб мекунад.

Вале Шоул аслан инсони фақиру ба назар нонамоён набуд. Ӯ аз оилаи сарватманде буда, як марди хушқиёфаву қоматбаланде буд; аз тамоми мардони Исроил ӯ як сару гардан баландтар буд! Шоул ҳамчунин даванди хуб ва марди қавие буд. Мардум аз он ки Яҳува Шоулро ба подшоҳӣ интихоб кардааст, хурсанд буданд. Онҳо ҳама хитоб мекарданд: «Зинда бод подшоҳ!».

Душманони Исроил мисли ҳарвақта боқувватанд. Мисли пештара онҳо ба сари исроилиён нохушиҳо меоранд. Аз подшоҳ шудани Шоул дере нагузашта, аммӯниён бар зидди исроилиён мебароянд. Вале Шоул лашкари калон ҷамъ карда, бар аммӯниён ғолиб меояд. Аз ин сабаб, мардум аз подшоҳ будани Шоул шодӣ мекунанд.

Бо гузашти солҳо, бо сарварии Шоул исроилиён бар душманони зиёде пирӯз мешаванд. Шоул ҳамчунин писари ҷасуре бо номи Йӯнотон дошт. Йӯнотон низ дар набардҳои зиёде барои ба даст овардани ғалаба ба Исроил кӯмак мерасонад. Ҳанӯз ҳам душманони бадтарини исроилиён фалиштиён ҳастанд. Рӯзе ҳазору ҳазорон нафари фалиштиён ба ҷанги зидди Исроил мебароянд.

Самуил ба Шоул мегӯяд, ки то омада ба Яҳува қурбонӣ гузоштани ӯ интизор шавад. Аммо Самуил каме дер мекунад. Шоул метарсад, ки фалиштиён ҷангро сар хоҳанд кард ва аз ин сабаб маросими қурбониро худаш мегузаронад. Дар охир Самуил расида меояд ва ба Шоул мегӯяд, ки ӯ беитоатӣ кард. «Яҳува каси дигарро барои подшоҳӣ бар Исроил интихоб хоҳад кард», — мегӯяд Самуил.

Дертар Шоул боз беитоатӣ мекунад. Аз ин рӯ, Самуил ба вай мегӯяд: «Ба Яҳува итоат кардан беҳтар аст аз он ки беҳтарин гӯсфандро барояш чун ҳадя гузорӣ. Азбаски ба Яҳува итоат накардӣ, Яҳува туро ба унвони подшоҳи Исроил нигаҳ нахоҳад дошт».

Аз ин воқеа дарси хубе барои худ гирифта метавонем. Он ба мо меомӯзонад, ки то чӣ андоза муҳим аст, ки ба Яҳува ҳамеша итоат кунем. Ҳамчунин, он ба мо нишон медиҳад, ки шахси хубе мисли Шоул метавонад тағир ёбад ва ба шахси баде мубаддал шавад. Мо ҳаргиз намехоҳем шахси бад шавем, ҳамин тавр–не?