Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 59

Чаро Довуд бояд гурезад

Чаро Довуд бояд гурезад

БАЪД аз он ки Довуд Ҷолётро кушт, сарлашкари Исроил — Абнир ӯро ба назди Шоул овард. Шоул аз Довуд хеле розӣ аст. Ӯ Довудро бар қӯшунаш сарлашкар таъин карда, ӯро барои зиндагӣ бар қасри шоҳӣ меорад.

Дертар, вақте ки лашкар аз ҷанги фалиштиён бармегардад, занҳо чунин суруд мехонанд: «Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард, вале Довуд даҳ ҳазорҳоро!». Шоул инро шунида, ба Довуд ҳасад мебарад, зеро ба Довуд назар ба вай эҳтироми зиёдтаре гузоштанд. Лекин писари Шоул — Йӯнотон ҳасудхӯр нест. Ӯ Довудро хеле дӯст дошт ва Довуд ҳам ба ӯ меҳр баст ва онҳо аҳд карданд, ки ҳамеша дӯст хоҳанд буд.

Довуд барбатнавози хубе буд ва Шоул оҳангҳоеро, ки ӯ менавохт, дӯст медошт. Лекин рӯзе ҳасади Шоул ӯро ба кори даҳшатноке барангехт. Ҳангоме ки Довуд барбат менавохт, Шоул фикр мекунад: «Довудро бо найза зада, ба девор медӯзам!». Ва найзаашро ба тарафи Довуд меафканад. Вале Довуд худро канор мегирад ва найза ба ӯ намерасад. Довуд мефаҳмад, ки бояд хеле эҳтиёт шавад.

Дар ёд дорӣ, ки Шоул чӣ ваъда дода буд? Ӯ гуфта буд, ки касе ки Ҷолётро кушад, ба ӯ духтарашро ба занӣ медиҳад. Билохир Шоул ба Довуд мегӯяд, ки духтараш — Микалро ба ӯ хоҳад дод, ба шарте ки вай аввал 100 нафари душманони фалиштиро кушад. Ин корро бубин! Шоул дар ҳақиқат умед дорад, ки фалиштиён Довудро хоҳанд кушт. Аммо ин тавр нашуд ва Шоул духтарашро ба зании Довуд дод.

Рӯзе Шоул ба Йӯнотон ва ба ҳамаи ходимонаш мегӯяд, ки Довудро куштанӣ аст. Лекин Йӯнотон ба падараш чунин мегӯяд: «Ба Довуд зараре нарасон. Ӯ дар ҳаққи ту ҳеҷ бадие накардааст. Баръакс, ӯ ҳамеша ба ту кӯмак мекард. Ӯ ҷони худро дар хатар гузошта, Ҷолётро кушт ва ту инро дида, хеле хурсанд шуда будӣ».

Шоул ба писараш гӯш мекунад ва ваъда медиҳад, ки ба Довуд зараре намерасонад. Довуд баргардонида мешавад ва мисли пештара дар қаср ба Шоул хидмат мекунад. Рӯзе, дар вақти мусиқӣ навохтани Довуд Шоул боз найзаашро сӯи вай меандозад. Довуд тоб мехӯрад ва найза ба девор мехалад. Ин маротибаи сеюм аст! Акнун Довуд мефаҳмад, ки бояд гурезад!

Он шаб Довуд ба хонааш меравад. Шоул бошад, одамонашро барои куштани вай мефиристад. Микал аз нақшаи падараш огоҳ шуда, ба шавҳараш мегӯяд: «Агар шаб дар ин ҷо бимонӣ, то пагоҳ кушта хоҳӣ шуд». Ва худи ҳамон шаб Микал ба Довуд кӯмак мекунад, ки ӯ аз тиреза бигрезад. Муддати қариб ҳафт сол Довуд маҷбур мешавад, ки аз ҷое ба ҷои дигар гурезад, то Шоул ӯро ёфта натавонад.