Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 61

Довуд подшоҳ мешавад

Довуд подшоҳ мешавад

ШОУЛ боз барои дастгир кардани Довуд саъй мекунад. Ӯ 3 000 ҷанговарони беҳтарини худро гирифта, ба ҷустуҷӯи Довуд меравад. Вақте ки Довуд аз ин огоҳ мешавад, ӯ ҷосусони худро мефиристад, то дар куҷо барои шабгузаронӣ ӯрду задани Шоул ва қӯшунашро фаҳманд. Пас аз ин, Довуд аз ду нафари мардонаш мепурсад: «Кадоме аз шумо бо ман ба ӯрдугоҳи Шоул меравед?»

«Ман бо ту меравам»,— мегӯяд Абишой. Ӯ писари хоҳари Довуд — Саруё аст. Ҳангоме ки Шоул ва навкаронаш ба хоби сахт мераванд, Довуду Абишой оҳиставу бесадо ба ӯрдугоҳ мехазанд. Онҳо найзаи Шоул ва кӯзаи обро аз пеши сараш мегиранд. Касе аз ин хабар намеёбад, зеро ҳама дар хоби сахт буданд.

Довуду Абишойро акнун бубин; онҳо ба масофае гурехта, дар қуллаи кӯҳе истодаанд. Довуд сарлашкари Исроилро фарёд мекунад: «Эй Абнир, ҷавоб деҳ! Бубин ки найзаи подшоҳ ва кӯзаи обе, ки пеши сараш буд, куҷост?»

Шоул бедор мешавад. Ӯ овози Довудро шинохта, мепурсад: «Ин туӣ, Довуд?» Шоул ва Абнирро мебинӣ, онҳо дар он ҷо, дар поён истодаанд?

«Бале, эй оғоям подшоҳ» — ҷавоб медиҳад Довуд ва мепурсад: «Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ? Ман чӣ бадие кардаам? Ана найзаи ту, подшоҳам. Бигзор яке аз навкаронат ба ин ҷо омада, онро бигирад».

«Ман хато кардам,— иқрор мешавад Шоул,— аблаҳона рафтор кардам». Пас аз ин, Довуд ба роҳи худ меравад ва Шоул ба макони худ бармегардад. Вале Довуд ба худ меандешад: «Ягон рӯз Шоул маро мекушад. Беҳтар аст, ки ба замини фалиштиён бигрезам». Ва ӯ ҳамин тавр мекунад. Довуд фалиштиёнро фиреб карда, вонамуд мекунад, ки ӯ акнун тарафгири онҳост.

Пас аз чанде, фалиштиён ба муқобили исроилиён ба ҷанг мебароянд. Дар ҷанг Шоул ва Йӯнотон кушта мешаванд. Довуд аз ин хеле андӯҳгин шуда, суруди зебое бо чунин суханҳо эҷод мекунад: «Ман барои ту андӯҳгинам, эй бародарам Йӯнотон! Ту бароям хеле азиз будӣ!».

Баъд аз ин, Довуд ба Исроил, ба шаҳри Ҳебрӯн бармегардад. Дар он ҷо дар байни онҳое, ки писари Шоул Ишбӯшетро ба подшоҳӣ интихоб карданд ва онҳое, ки подшоҳ шудани Довудро мехостанд, ҷанг сар мешавад. Дар охир, мардони Довуд ғолиб меоянд. Довуд дар 30–солагияш ба тахти подшоҳӣ менишинад. Ҳафт солу шаш моҳ ӯ дар Ҳебрӯн ҳукмронӣ мекунад. Дар он ҷо ӯ соҳиби чанд писар мешавад: Амнӯн, Абшолӯм, Адӯниё.

Замоне мерасад, ки Довуд бо ҷанговаронаш барои гирифтани шаҳри зебои Ерусалим мераванд. Ин ҷангро Юоб, писари дигари Саруё — хоҳари Довуд, сарварӣ мекунад. Бинобар ин, Довуд ӯро сардори сипоҳ таъин мекунад. Акнун Довуд дар шаҳри Ерусалим ҳукмронӣ мекунад.