Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 62

Нохушиҳо дар хонадони Довуд

Нохушиҳо дар хонадони Довуд

ПАС аз он ки Довуд дар Ерусалим ба ҳукмронӣ сар мекунад, ӯ бо мадади Яҳува ба ғалабаҳои зиёде бар душманон ноил мегардад. Яҳува ваъда дода буд, ки ба исроилиён сарзамини Канъонро хоҳад дод. Ва акнун, тамоми замини ваъдашуда бо ёрии Яҳува аз они онҳо шуд.

Довуд ҳокими хуб аст. Ӯ Яҳуваро дӯст медорад. Аз ин рӯ, яке аз аввалин корҳое, ки ӯ баъд аз гирифтани Ерусалим кард, ин овардани сандуқи аҳди Яҳува ба он ҷо буд. Ҳамчунин, ӯ мехост маъбаде бисозад ва сандуқи аҳдро он ҷо гузорад.

Вақте ки Довуд ба синну сол бузургтар мешавад, ӯ гуноҳи ҷиддие содир мекунад. Довуд медонист, ки чизеро, ки ба дигарон тааллуқ дорад, гирифтан мумкин нест. Аммо як бегоҳ, ҳангоме ки ӯ дар боми қасри худ гардиш мекард, чашмаш ба поён, ба зани зебое афтод. Номи ин зан Батшобаъ аст ва ӯ зани яке аз сарбозон — Уриё мебошад.

Довуд он қадар хоҳони Батшобаъ мешавад, ки ӯро ба қаср меоваронад. Шавҳари вай ҳоло дар дуриҳо, дар ҷанг аст. Довуд бо ин зан ҳамхоб мешавад ва дертар зан мефаҳмад, ки ҳомила шудааст. Довуд аз ин ошуфтахотир мегардад ва ба сарлашкараш Юоб мактуб фиристода, мефармояд ки Уриёро дар мавқеи ҳарбу зарби шадид гузоранд, то дар он ҷо кушта шавад. Вақте ки Уриё мемирад, Довуд Батшобаъро ба занӣ мегирад.

Яҳува аз рафтори Довуд хеле ба ғазаб меояд. Аз ин рӯ, ба наздаш пайғамбар Нотонро мефиристад ва гуноҳҳои кардаашро фош мекунад. Дар ин ҷо ту Нотонро мебинӣ, ки ба Довуд сухан мегӯяд. Довуд аз кардааш хеле пушаймон аст ва бинобар ин Яҳува ӯро ба марг маҳкум намекунад. Лекин Яҳува чунин мегӯяд: «Азбаски ин корҳои бадро кардӣ, дар хонадонат нохушиҳои зиёд хоҳад буд». Ва дар ҳақиқат, ба сари Довуд чӣ қадар бадбахтиҳо омаданд!

Дар аввал, писари Батшобаъ мурд. Баъд писари якуми Довуд — Амнӯн дар танҳоӣ ба хоҳараш Томор зӯрӣ карда, бо ӯ ҳамхоб шуд. Писари дигари Довуд — Абшолӯм аз ин кори бародараш чунон ба хашм меояд, ки ӯро мекушад. Дертар, Абшолӯм бисёре аз мардумро тарафдори худ карда, худашро подшоҳ мекунад. Дар охир, Довуд дар ҷанги зидди Абшолӯм ғолиб меояд, Абшолӯм бошад кушта мешавад. Бале, Довуд нохушиҳои зиёде аз сар гузаронд.

Дар ин миён Батшобаъ писаре бо номи Сулаймон ба дунё меорад. Ҳангоме ки Довуд пир ва бемор мешавад, писараш Адӯниё саъй мекунад, ки худро подшоҳ кунад. Дар ин вақт Довуд ба Содӯқи коҳин мефармояд, ки ба сари Сулаймон равған резад ва бо ин нишон медиҳад, ки Сулаймон подшоҳ хоҳад шуд. Баъдтар, дар синни 70–солагияш Довуд мурд. Ӯ 40 сол ҳукмронӣ кард, акнун бошад, ба тахти шоҳии Исроил Сулаймон нишаст.