Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 65

Салтанат тақсим мешавад

Салтанат тақсим мешавад

МЕДОНӢ, ки чаро ин мард ҷомаашро пора–пора мекунад? Ин корро ба вай Яҳува фармудааст. Ин мард пайғамбари Худо — Аҳиё аст. Кӣ будани пайғамбарро медонӣ? Ӯ шахсест, ки Худо ба вай пешакӣ ҳодисаҳои ояндаро ошкор мекунад.

Шахсе ки Аҳиё ба ӯ сухан мегӯяд, Ёробъом аст. Ёробъомро Сулаймон ба баъзе корҳои сохтмонӣ сардор монда буд. Ҳангоме ки Аҳиё бо Ёробъом дар ин роҳ вомехӯрад, кори аҷибе мекунад. Ӯ ҷомаи наверо, ки дар бар дошт, гирифта ба 12 қисм пора мекунад ва ба Ёробъом чунин мегӯяд: «10 пораи онро барои худ бигир». Медонӣ, ки чаро Аҳиё ба Ёробъом 10 пораи ҷомаро медиҳад?

Аҳиё мефаҳмонад, ки Яҳува салтанатро аз дасти Сулаймон гирифтанӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки Яҳува 10 сибтро ба Ёробъом хоҳад дод. Ин чунин маъно дорад, ки барои ҳукмронии писари Сулаймон — Раҳабъом танҳо ду сибт боқӣ хоҳад монд.

Сулаймон аз гуфтаҳои Аҳиё ба Ёробъом огоҳӣ ёфта, дарғазаб мешавад. Ӯ саъй мекунад, ки Ёробъомро бикушад. Аммо Ёробъом гурехта ба Миср меравад. Баъд аз муддате Сулаймон дунёро тарк мекунад. Ӯ 40 сол ҳукм ронд, акнун писараш Раҳабъом подшоҳ шуд. Аз марги Сулаймон хабар ёфта, Ёробъом ба Исроил бармегардад.

Раҳабъом подшоҳи хуб нест. Ӯ ба мардум ҳатто бештар аз падараш Сулаймон зулм мекард. Ёробъом ва чанд нафар аз шахсони бонуфузи дигар назди Раҳабъом омада, аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки бори гарони мардумро сабуктар кунад. Аммо Раҳабъом онҳоро гӯш накард. Баръакс, ӯ аз пештара ҳам золимтар шуд. Бинобар ин, мардум Ёробъомро бар 10 сибт подшоҳ таъин мекунанд, вале ду сибти Бинёмин ва Яҳудо зери ҳукмронии Раҳабъом мемонанд.

Ёробъом намехост, ки одамон барои ибодат ба маъбади Яҳува — ба Ерусалим раванд. Аз ин рӯ, вай ду гӯсолаи тиллоӣ сохта, ба мардум мефармояд, ки ба онҳо ибодат кунанд. Андаке баъд аз ин, сарзамин пур аз ҷинояту зӯроварӣ мешавад.

Аҳволи салтанати дусибта низ ҳамин гуна буд. Аз ҳукмронии Раҳабъом ҳанӯз панҷ сол нагузашта буд, ки подшоҳи Миср бар зидди Ерусалим ба ҷанг баромад. Ӯ ганҷҳои зиёдеро аз маъбади Яҳува бо худ мебарад. Ҳамин тавр, вуҷудияти зебоии аввалаи маъбад дер давом накард.