Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 68

Ду писаре, ки аз нав зинда мешаванд

Ду писаре, ки аз нав зинда мешаванд

ТАСАВВУР бикун, ки агар ту бимирӣ ва баъд боз зинда шавӣ, модарат чӣ эҳсосе хоҳад дошт? Ӯ хеле хушҳол мебуд! Аммо оё касе ки мурдааст, аз нав зинда шуда метавонад? Магар то ба ҳол чунин воқеа рӯй додааст?

Ба ин мард ва ин зану писарак нигоҳ кун. Ин мард пайғамбар Илёс аст. Зан бошад, бевазанест аз шаҳри Сорефот ва ин писар фарзанди ӯст. Рӯзе ин писарча бемор мешавад. Аҳволи ӯ торафт бадтар мешуд ва охиран вай мемирад. Илёс ба модари ӯ мегӯяд: «Писаратро ба ман деҳ».

Илёс писарчаро ба болохона бурда, рӯи бистар мегузорад. Пас дуо мекунад: «Оҳ, Яҳува, писаракро аз нав зинда кун». Ва ногоҳ писар ба нафаскашӣ сар мекунад! Он гоҳ Илёс ӯро ба поён оварда, ба зан мегӯяд: «Бубин, писарат зинда аст!». Ана барои ҳамин модари вай ин қадар хушҳол аст.

Як пайғамбари бузурги дигари Яҳува Элишоъ ном дорад. Ӯ ба Илёс ҳамчун дастёр хидмат мекард. Бо гузашти вақт, Яҳува ба воситаи Элишоъ ҳам мӯъҷизаҳо ба амал меоварад. Рӯзе Элишоъ ба шаҳри Шунем меравад ва дар он ҷо зане ба вай некиҳои зиёд мекунад. Дертар ин зан соҳиби писаре мешавад.

Баъд аз он ки ин писарак калонтар шуд, рӯзе бомдодон, ӯ ба назди падараш ба саҳро рафт. Дар он ҷо вай ногаҳон дод мезанад: «Вой, сарам дард мекунад!». Баъд аз он ки писаракро ба хона меоранд, вай мемирад. Модараш аз ин чӣ қадар андӯҳгин мешавад! Ӯ фавран ба назди Элишоъ меравад.

Элишоъ омада, ба ҳуҷрае медарояд, ки кӯдаки мурда дар он ҷо буд. Ӯ ба Яҳува дуо мекунад ва бар болои ҷисми писар дароз мекашад. Бадани писарак ба зудӣ гарм мешавад ва ӯ ҳафт карат атса мезанад. Чӣ қадар хушҳол мешавад модари писар, вақте ки ба хона даромада, фарзандашро зинда мебинад!

Дар тӯли таърих одамони хеле зиёде мурдаанд. Марги онҳо ба наздикон ва дӯстонашон дарду андӯҳи бисёр овард. Мо қудрати зинда кардани мурдаҳоро надорем. Аммо Яҳува чунин қудрат дорад. Баъдтар мефаҳмем, ки чӣ тавр Ӯ миллионҳо одамони мурдаро зинда хоҳад кард.