Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 70

Юнус ва моҳии калон

Юнус ва моҳии калон

ИН МАРДРО бубин, ки дар даруни об аст. Аҳволи ӯ хеле бад аст, ҳамин тавр–не? Охир, ин моҳии калон ҳозир вайро фурӯ хоҳад бурд! Медонӣ, ки ин мард кист? Ӯ Юнус мебошад. Биё бифаҳмем, ки чӣ гуна вай ба ин аҳвол афтод.

Юнус пайғамбари Яҳува аст. Аз марги Элишои пайғамбар муддати зиёде нагузашта буд, ки Яҳува ба Юнус чунин амр дод: «Ба шаҳри бузурги Нинве бирав. Бадкориҳои мардуми он ҷо хеле зиёд шудаанд ва Ман мехоҳам, ки ту рафта ба онҳо дар ин бора бигӯӣ».

Аммо Юнус ба он ҷо рафтан намехост. Ӯ ба киштие, ки ба тарафи баръакси Нинве равона буд, савор мешавад. Яҳува аз гурехтани Юнус норозӣ мегардад ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал меорад. Тӯфон чунон бошиддат буд, ки киштӣ қариб ғарқ мешуд. Маллоҳон ба ҳарос меафтанд ва аз худоёни худ фарёд зада мадад мепурсанд.

Билохир, Юнус ба онҳо мегӯяд: «Ман ходими Яҳува, Офаридгори замину осмон ҳастам. Ва ҳоло ман аз иҷро кардани фармудаи Яҳува даргурезам». Маллоҳон аз ӯ мепурсанд: «Чӣ кор кунем, ки баҳр ором шавад?»

«Маро ба баҳр партоед ва он аз нав сокит хоҳад шуд» — мегӯяд Юнус. Маллоҳон ин корро кардан намехостанд, вале тӯфони баҳр шадидтар мешуд. Охиран, онҳо Юнусро ба баҳр мепартоянд. Худи ҳамон лаҳза тӯфон бозмеистад ва баҳр ором мешавад.

Ҳангоме ки Юнус ғарқ мешуд, ӯро моҳии калоне фурӯ мебарад. Лекин Юнус намемирад. Ӯ се шабу се рӯз дар шиками моҳӣ мемонад. Юнус аз он ки ба Яҳува итоат накард ва ба Нинве нарафт, тавба мекунад. Медонӣ, ки ӯ акнун чӣ кор мекунад?

Юнус ба Яҳува дуо карда, аз Ӯ мадад мепурсад. Пас аз ин, Яҳува моҳиро водор мекунад, ки Юнусро ба хушкӣ аз даҳонаш берун кунад. Ва Юнус ба Нинве равона мешавад. Магар мо аз ин намеомӯзем, ки ҳар як амри Яҳуваро иҷро кардан муҳим аст?

Китоби Юнус аз Навиштаҳои Муқаддас.